Панҷшанбе, 30/01/2020-11:32
Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Ситоди навбатии пешазинтихоботии ҲХДТ доир гардид.
Дар кори Ситод раисони Комиссияҳои ҳавзаҳои интихоботӣ ва аъзоёни он иштирок доштанд. Нахуст раиси Ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Одилҷон Маҳмадов ба сухан баромада иброз доштанд, ки бояд аъзои ситод фаъолияти худро дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қонунҳо муаяншуда ба роҳ монда ба қонуншикани роҳ надиҳанд. Ҳамзамон аз ҳозирин хоҳиш кард, ки зимни бақайдгирии номзадҳо, ташкили вохӯрии онҳо бо интихобкунандагон ва истифодаи шиорҳои таблиғотӣ ба меъёрҳои муқаррарнамудаи қонуни болозикр риоя намоянд. Инчунин аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ҳангоми вохӯриҳо бо интихобкунандагон ба таври васеъ шиносонида шавад.