ПАЁМ-РАҲНАМОЕСТ БАҲРИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

Панҷшанбе, 30/01/2020-11:38

Дар деҳаи «Давлаталӣ Зардов»-и Ҷамоати деҳоти 20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи Вахш вохӯрии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб доир гардид.

Дар вохӯрӣ Одилҷон Маҳмадов, раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ноҳияи Вахш, оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки Паём раҳнамоест баҳри зиндагии шоистаи ҳар як фарди бедордили кишвар.
Инчунин оид ба Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ аз ҳадафҳои асосии барномавии ҳизб сарчашма гирифта, ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои расидан ба онҳо вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбудӣ, ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *