ТЕРРОРИЗМ БА ҲЕҶ ДИН ИРТИБОТ НАДОРАД…

Панҷшанбе, 30/01/2020-11:31

Мувофиқи таълимоти дини мубини ислом итоат ба амри султон воҷиб буда, ҳамаи моро зарур аст, ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор диҳем. Худованди Таъоло мефармояд:

«Эй мусулмонон Худоро фармонбардорӣ кунед ва Пайғамбару фармонравоёнро (яъне амирони мусулмонон ва ҳокимон)-ро аз ҷинси хеш фармонбардорӣ кунед»

Нисо-ояти 59

Ё ин ки:

«Подшоҳи одил сояи Худо аст. Ҳар касе чунин Подшоҳро эҳтиром кунад Худову Расули хешро эҳтиром намудааст».

Ал-Ҳадис

Аз Муоз ибни Ҷабал ривояте ҳаст: «Пайғамбар (с.а.с) ҳар амиру ҳокими даврро итоат ва фармонбардорӣ кунед ва аз пушти ҳар имом намоз гузоред ва саҳҳобагони маро дашном надиҳед».

Ривояти Табаронӣ, сютӣ ва маънавӣ

Дар ин маврид метавон далелҳои зиёд овард, ки дар бораи шоҳи одил бахусус бузурге мегӯяд:

Абр агар қибла хезад, сахт борон мешавад,

Шоҳ агар одил набошад, мулк вайрон мешавад.

Алҳамдулилоҳ, ки ин нишонаҳо одилӣ дар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дида мешавад. Сокинони кишвар дар як фазои сулҳу осоиштагӣ ба сар мебаранд. Бештар ганҷина барои мо-тоҷикон ваҳдати миллист, ки бо ташаббус ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омодааст. Мо бояд ваҳдати ягонагии миллиро пос дорем ва баҳри осоиши мардум ҷони хешро фидо созем.

Як нуқтаи дигарро қайд карданиям, ки дастоварду пешрафт ва гул-гулшукуфоии Тоҷикистони азизро душманони миллат чашми дидан надорад. Сари ҳар қадам монеаҳо эҷод мекунанд ва нисбати давлату миллати тоҷик ҳаргуна суханро мегӯянд, мо дигар фирефтаи найранги навбатии онҳо намешавем. Зеро «кӯр як бор асояшро гумм мекунад». Онҳо таҳти роҳбари ҲНИ бахусус Муҳиддин Кабирӣ, Сайдюнуси Истравшанӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Шарофиддин Гадоев ва дигарон аз гумроҳии ҷавонон ба ҳар роҳу восита сӯи истифода ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ шомил месозанд. Ҳизби мамнуъшудаи ҲНИ аз солҳои 1978-1980-ум қарни гузашта то соли 2015 дар кишвар фаъолият кардааст.  Дар тӯли фаъолияташ ба чандин ҷиноятҳои вазнин даст задаанд. Барои мардум ягон кореро ба анҷом нарасониданд, фақат барои худ кушку қасрҳо сохтанд. Айни ҳол рӯ ба кишварҳои аврупоӣ оварда, бо долларҳои бедардимиёни аз хоҷагони хориҷӣ гирифтаашон мехоҳанд, сулҳу осоиши кишвари мо халал ворид созанд.

Боз мехоҳанд чун солҳои 1990-1992-юм дар байни мардум ҷудоӣ андозанд ва низоъ бархезонанд.

Мо-тоҷикон чеҳраи аслии душманони миллатро медонем ва нағз дар хотир ҳам дорем. Ба роҳбари ҲНИ ва лагандбардоронаш гуфтаниям:

Аз минбарҳои баланд бар зидди миллату давлати хеш баромад карда, магар оини мардист?

Оё наметавонӣ, ки ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят созӣ?

Оё иттиҳоду осоиш шиори дини мубини ислом нест?

Байни мардум низоъ хезондан, хуни ноҳақ резондан дар кадом китоби дини мубини ислом навишта шудааст, ки гунаҳ нест? Терроризм ва экстремизм бошад ба ҳеҷ дин иртибот надорад, аз ҷумла ба дини мубини ислом.

Ҳамагуна пешравӣ, сулҳу амонӣ аз якдилию иттиҳод вобастагӣ дорад. Тинҷиву оромист, ки мо-тоҷикон метавонем, бе ягон мамоният дар шодию хурсандии ҳамдигар иштирок намоем. Дар рӯзҳои азодорӣ низ ғамшарики якдигар бошем. Даст ба дасти ҳам дода, ҷавононро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия менамоем. Ба онҳо касбу ҳунар меомӯзонем. Ин ватан аз мост ва мо-тоҷикон метавонем дар ҳамбастагӣ онро ободу зебо гардонем.

Аз Худованди мутаол талаб дорам, ки сулҳу ваҳдати тоҷикон пойдор монад. Кабӯтари сулҳу ваҳдат дар парвоз бошад ва ободии ҳар як сокини кишвар поянда гардад.

Худованд Пешвои миллатамонро дар паноҳи исматаш нигаҳбон бошад. Ҳамеша чун Сарвари давлат соябони миллати тоҷик монад. Дар охир бо суханҳои Абдулло Муборак гуфтаниям:

Агар дуои ман дар назди ман назди Худованди мутаол қабул шавад, дар ҳақи Подшоҳ дуо мекунам, ки султони замон тинҷу ором бошад, раъияти халқи кишварҳо тинҷист.

Аслиддин Раҷобов,

имомхатиби масҷиди ҷомеаи

ба номи «Шайх Раҳматулло»-и

Ҷ/ш «Киров»-и ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *