СОЛИ 2020 СОЛИ ПЕШРАВИЮ ФАРОВОНӢ ШАВАД

Сешанбе, 31/12/2019-15:35

С У Х А Н И

ТАБРИКИИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАХШ

ҚУРБОНАЛӢ ЮСУПОВ                                                                                       

БАХШИДА БА ИСТИҚБОЛИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2020

Ҳамдиёрони азиз!

 Ҳозирини гиромӣ!

Дар ин лаҳзаҳои тантанавӣ ва хотирмон    мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар фазои ваҳдату ягонагӣ ва суботу оромӣ  боз  бо як соли бунёдкориву созандагӣ ва дигаргуниҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ дар кишвари азизамон хайрбод гуфта, бо як ҷаҳон умеду орзуҳои нек Соли нави 2020-ро истиқбол мегиранд.

Ба истифода аз фурсати муносиб Шумо ва  тамоми мардуми сарбаланди ноҳияро бо фаро расидани Соли нави мелодии 2020 табрику муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо шодии солинавӣ ва файзу баракати зиёдро таманно менамоям.

Соли сипаригардидаи 2019 бо баргузории чорабиниҳои бузурги сиёсию-фарҳангии сатҳи ҷаҳонӣ ва дастовардҳои  назаррас дар соҳаҳои мухталифи кишварамон бо як ҷаҳон таассуротҳои нек дар хотири ҳар як шаҳрванди бедордилу ватандӯст боқӣ хоҳад монд.

Дар сатҳи баланди сиёсӣ ташкил ва баргузор гардидани Ҳамоиши панҷуми машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15-июни соли 2019 бо иштироки сарони 27 давлат ва ҳукуматҳои кишварҳои Осиё  обрӯ ва нуфузи сиёсии Тоҷикистонро  дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баландтар намуда, шаҳодат аз он намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати хориҷии худ таҳти сарварии оқилона ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои боз ҳам устувортар гузошта истодааст.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми ироанамудаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии         Тоҷикистон 26-уми декабри соли 2018 ба хотири вусъати тоза бахшидан ба корҳои бунёдкорию созандагӣ дар маҳал, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид, ки бо василаи роҳандозӣ намудани ин ташаббус дар ноҳияи Вахш низ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гашта  истодааст. 

Дастоварди дигари  бузурги таърихии ин сол  он аст, ки рӯзи таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-сентябр бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки меҳмонони дохил ва хориҷи кишвар чархи дуюми Нерӯгоҳи обии барқии «Роғун» мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд, ки ин қадами устувор ба таъмини истиқлолияти комили энергетикӣ дар кишвар ва рушди босуръати саноат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати мамлакат мусоидат менамояд.

Соли сипаригардида сокинони  ноҳияи Вахш дар баробари дигар ҳамватанони худ тибқи нақшаҳои  таҳияшуда тантанаҳои «Наврӯзи байналмилалӣ”, “Рӯзи Ғалаба, «Рӯзи ҷавонон», «Рӯзи Ваҳдати миллӣ», “Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рӯзи забони давлатии Љумњурии Тољикистон”, “25-умин солгарди Конститутсияи Љумњурии Тоҷикистон”, “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро бо рӯҳияи баланди сиёсиву маънавӣ таҷлил намуданд.

Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллатамон  соли равон дар ноҳия корҳои муайяне ба анҷом расонида шуд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо маќсади сазовор истиқбол намудани ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 342-адад иншоотҳои таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки  дар соли сипаригардида  64 адади ин  иншоотҳо  сохта ба истифода дода шуданд.

Дар ҳоле, ки чунин ташаббусҳои созандаи роҳбари давлатамон аз ҳар яки мо масъулияти баланди ватандориро талаб мекунад, мебояд дар ин ҷода боз ҳам рисолати шаҳрвандии худро дар назди ин миллату ин ватан қавитар намуда, дар ободу зеботар намудани ҳар як гӯшаи диёри азизамон саҳми арзандаи худро гузорем.

Ҳамдиёрони азиз!

Соли нави дар пешистода низ барои кишвари азизамон соли амалисозии иқдомҳои наву наҷибона мебошад.

Чунки дар арафаи Соли нави мелодӣ, рӯзи 26-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз натиҷагирӣ намудани раванди сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат дар соли 2019 бо пешниҳод намудани як қатор ташаббусҳои наҷиб ва дастуру ҳидоятҳои ватандӯстона дар назди ҳар як шаҳрванди  баору номуси диёрамон иҷрои вазифаҳои навро гузоштанд.    

Тавре, ки ҳамагон огаҳ ҳастед дар баёни Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди боз ҳам устувортари соҳаи маорифи кишвар ҳамчун соҳаи калидӣ диққати зарурӣ дода, баҳри  омода намудани мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ дар риштаи табиатшиносӣ ва риёзӣ солҳои 2020-2040-ро “Бистсолаи рушди соҳаи маорифи кишвар” эълон доштанд.

Инчунин ба хотири дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни фархундаи миллиамон, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус вусъати тоза бахшидан ба корҳои бунёдкориву созандагӣ, ободу зеботар намудани ҳар як гӯшаву канори ватани маҳбубамон ва тозаю озода намудани манзилҳои зист Роҳбари давлатамон бо як эҳсоси баланди ватандорӣ аз тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.

Бо истифода аз фурсати муносиб аз ҳар як масъулини ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва соҳибкорони баору номуси ноҳия хоҳиши онро менамоям, ки бо дарки баланди масъулияти ватандӯстӣ ҷиҳати татбиқи амалии  ташаббусҳои навбатӣ ва дастуру супоришҳои дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироанамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус дар самти рушди соҳаи маориф тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.     

Бо  боварии  комил метавон гуфт, ки сокинони ноҳияи Вахш, бахусус соҳибкорони баору номуси он дар амалӣ гардидани ин нақшаҳои дар пешистода аҳлона меҳнат намуда, бо ин васила саҳми арзандаи худро баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузоранд.      

Бо ҳамин орзуву  ниятҳои нек дар ин лаҳзаҳои пурнишот бори дигар  ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми шарифи ноҳияро бо Соли нави мелодии 2020 муборакбод гуфта, бароятон саломатии бардавом, хонаободию сарбаландӣ, тинҷию оромӣ ва суботи ҳамешагиро дар ватани азизамон  орзумандам.

Соли наватон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *