ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО…

Душанбе, 30/12/2019- 15:40

Дар арафаи соли нави 2020-ум дар муассиса-интернати ноҳия чорабинии фарҳангӣ доир гардид, ки  ба 282 тарбиятгирандагони бо ташаббуси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш либосҳои гарми зимистона ҳамчун армуғони солинавӣ тақдим карда шуд.

Дар чорабинии ба ин муносибат баргузоргардида иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Қурбоналӣ Юсупов иштирок намуда, хонандагонро бо фарорасии Соли нав табрик кард ва ба онҳо тӯҳфаҳо супорид.

Сипас, хонандагон ҳамчун изҳори сипос  барномаи фарҳангӣ  дар васфи ваҳдату сулҳ, инсондӯстию меҳанпарастӣ тайёрнамудаи худро ба иштирокунандагони чорабинӣ пешниҳод намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *