ФАРЗАНД БОЯД ЗЕРИ НАЗОРАТ БОШАД

 Сешанбе, 19/11/2019, 19:52

Дар маҳаллаи «Ҳ.Шерозӣ»-и Ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш   вохӯрии гурӯҳи кории таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷавонон вохӯриҳои судманд баргузор гардид.    

     Дар вохӯрӣ мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Вахш Тахмина Азизова, мушовири шуъбаи маориф Тоҷинисо Расулова, намояндаи шуъбаи корҳои дохила Суҳроб Мирзоев иштирок  доштанд.

    Ҳадаф аз баргузории вохӯриҳо дар он аст, ки тарбияи дурусти фарзандон, ҷалби духтарон ба мактаб, пешгирии амалҳои номатлуб аз қабили пешгирии ҷинояткорӣ, худкушӣ, худсӯзӣ ва пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ фаҳмонидани моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз вазифаи асосӣ маҳсуб меёбад.  

Намояндаи ШВКД Суҳроб Мирзоев аз ҷумла чунин иброз дошт:  -“Кулли амалҳои террористиро имрӯзҳо аз номи ислом амалӣ карда истодаанд.  Ҳатто солҳои охир  ташкилоти террористии бо ном давлати исломие дар Ироқу Сурия  сохтаанд, ки  тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ,  хоса мусалмононро ваҳшатзада кард. Мо-аҳли ҷомеаро зарур аст, фарзандонро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоем, то дар оянда номбардори волидайни хеш бошанд”.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *