СУХАНРОНИИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАХШ ҚУРБОНАЛӢ ЮСУПОВ ДАР ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ «РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ» РӮЗИ 16 НОЯБРИ СОЛИ 2019

 Шанбе, 16/11/2019, 08:12

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамдиёрони азиз!

Раванди таърихии  ҷамъият барои пешбурди худ шахсиятҳои маъруфу муътабарро вориди саҳнаи таърихи инсоният мегардонад, ки онҳо бо ақлу заковат, донишу маърифат ва ҷасорату матонати худ  бунёдгари раванди нав дар ин ё он кишвари олам мегарданд.

      Баъди пош хурдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шуравӣ  Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон яке аз он кишварҳое буд, ки аз надоштани роҳбарони миллатдӯсту ватанпарвар сарзамини осудааш  макони душманони дохил ва хориҷи кишвар  гардид.

Беҳокимиятӣ кишварро фаро гирифта, ҷанги хонумонсӯз боз ҳам бештар аланга гирифта, молу мулку дороии кишвар аз мардуми он ғорат мегардид.

Вазъияти ба амаломада интизори шахси ҷасуру далер ва ватандӯсти асил буд.

Бо баргузории Иҷлосияи 16 – уми тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дари умед ба фардои нек кушода шуд ва он ба таърихи навини  халқи тоҷик замина гузошт.

Намояндагони онвақтаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз суханронии яке аз ҷавонтарин намояндаи мардумӣ – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк карданд, ки танҳо ӯ метавонад бо ақлу заковат ва нерӯю қудраташ барои садди роҳи хунрезӣ шудан мусоидат намояд ва ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тақвият  бахшад.

Баъд аз интихоб гардидан ба вазифаи раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбари баланди ин ниҳод ӯ назди намояндагони мардум савганд ёд кард, ки тамоми ҳастиашро барои ором кардани вазъи сиёсии кишвар равона карда, кишварро аз парокандагӣ раҳо намуда, сулҳу субот, ваҳдату якпорчагиро дар  мамлакат таъмин менамояд ва то баргардонидани охирин муҳоҷири иҷборӣ ба Ватан худро орому осуда ҳис намекунад.

Дар чунин даврон барои миллати тоҷик аз сулҳу субот ва ваҳдати комил дида заруртар чизи дигаре вуҷуд надошт.

Мардуми сарсону  саргардон  омода буд дар канори сарвари ҷавон, ки ҷони худро барои амнияту суботи мардуми кишвар ва якпорчагии сарзамини аҷдодӣ дар кафи даст гирифтааст, тамоми мушкилотро чун гуруснагию беморӣ, дарду ғам, фироқи ҷигарбандону пайвандон, аз даст рафтани хонумон  таҳаммул кунанд ва барои амалӣ гардидани иқдом ва ниятҳои инсонпарваронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлӯи ӯ бошанд.

Маҳз бо чунин хислатҳои нек ва суханҳои хирадмандона муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар қалби ҳар фарди равшанзамир ва ватанхоҳу миллатдӯст ҷой гирифт.

Сарвари давлат барои ба эътидол овардани вазъият  дар минтақаҳо, ба маҳалли зисти аввала баргардонидани гурезаҳо, таъмини амнияти онҳо, ба низом даровардани кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар марказ ва маҳалҳо, фаъол гардонидани мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкили артиши миллӣ ташаббусу маҳорат нишон дода, дар натиҷа дар ин самт дигаргуниҳои мусбат ба амал омад.

Беш аз як миллион гурезаҳо ва муҳоҷирони  иҷборӣ ба маҳалли зисти доимии хеш баргашта, харобаҳоро аз нав обод карда, ба кори фоиданоки ҷамъиятӣ машғул шуданд.

Барои раҳоӣ аз гуруснагӣба аҳолии мамлакат 75 ҳазор гектар замин тақсим гардида, дар қаламрави кишвар ба корҳои ободонӣ вусъати тоза бахшида шуда, дар муддати нисбатан кутоҳ шаҳру деҳоти кишвар симои худро ба кулли дигаргун кард.

Имрӯз даҳҳо корхонаҳои азими саноатӣ фаъол шуда, садҳо корхонаҳои хурд баробари таъмини ҷойҳои нави корӣ бо маҳсулоти истеҳсолии худ тамғаи истеҳсоли Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд.

Аз ҳама муҳимаш ба даст овардани чаҳор шарти рушди минбаъдаи ҳаёти кишвар – таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат заминагузори рушди босуръати  минбаъдаи кишвари азизи мо мебошанд.

Имрӯз мо-мардуми шарифи Тоҷикистон, бояд шукрона кунем, ки чунин Пешвои миллат дорем, ки дар арсаи байналмилалӣ давлати тозаистиқлоли моро муаррифӣ мекунад.

Ба василаи ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои бузурги ватанӣ бо ташаббуси Сарвари давлат ва дастгирии нерӯҳои солими ҷомеа обрӯ ва мақоми Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баландтар гардид.

Дар ин давра даҳҳо  иншоотҳои бузурги аср ва садҳо корхонаҳои хурду азими саноатӣ  бунёд карда шуда, соли равон дар арафаи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чархи дуюми бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон Нерӯгоҳи Барқии Обии Роғун мавриди истифода қарор дода шуд, ки ба истифода додани ин иншооти бузурги аср дар раванди саноатикунонии босуръати мамлакат аҳамияти басо калон дорад.

Инчунин аз минбарҳои баланди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаи ҷаҳонӣ суханронӣ намудани Президенти кишварамон ва доир ба ҳаллу фасл намудани масъалаҳои ҷойдошта манзур намудани таклифу пешниҳодҳои мушаххас обрӯ ва эътибори Роҳбари муаззами кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар намуд, ки аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани қатънома дар хусуси эълон гардидани солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор аз ин шаҳодат медиҳад.

Алҳол Тоҷикистон дар марҳилаи рушди устувор қарор дошта, пирӯзиҳо ва дастовардҳое, ки дар зарфи 28-соли Истиқлолият ба даст овардем, мақом ва мартабаи мамлакати моро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта,   таҷрибаи ваҳдати миллӣ мактаби бузургу беназир гардида, он  барои ҷаҳониён намунаи ибрат ва омӯзиш  мебошад.

Ғояҳои инсондӯстона ва  дар савганд пойдори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи давлатдории навин боиси он гардид, ки мардуми тоҷик ӯро ба ҳайси Пешвои миллат чун бунёдгузори сулҳу ваҳдати миллӣ бипазиранд.

Бо назардошти хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди бонизоми кишвар бо пешниҳоди вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид карда шуда, ҳамасола рӯзи 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президент» ҷашн гирифта мешавад, ки ин барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон боиси ифтихор ва сарфарозӣ мебошад.            

Ҳозирини гиромӣ!

Бахти баланди мост, ки чунин Сарвари муаззам ва содиқу дурандеш, созандаву бунёдкор дорем ва месазад, ки ин санаи фархунда ва  дастоварди бузурги таърихиро бо ифтихори баланди ватандорӣ таҷлил намоем.

Бо истифода аз фурсати муносиб  ҳамаи шуморо ба ифтихори «Рӯзи Президент» табрику таҳният гуфта, таманнои онро менамоем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломату сарбаланд бошанду ҷомеа таҳти дастуру ҳидоятҳояшон комёбиҳои нав ба навро  ба даст орад.      

Сарбаланду саодатманд бошед!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *