ХАБАРҲОИ МУХТАСАР

Дар ноҳияи Вахш бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯриҳо доир мегарданд.

Дар яке аз чунин вохӯрӣ Ф. Зоҳидзода, муовини раиси ноҳия, дар назди ҳозирин баромад карда, даъват ба амал овард, ки ба дасту дилу нияти пок, масъулияти баланди ватандӯстона дар корҳои ободонӣ ва хуррамгардонии маҳалли зисти хеш саҳми арзандаи хешро гузорем.

 

***

Дар Ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” вохӯрии судманд бо аҳолӣ доир карда шуд.

Зимни вохӯрӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, фаълон бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот, ки солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шудааст, суханронӣ намуда, ба тозаву озода намудани маҳалли зист машғул шуданд.

***

Дар Ҷамоати деҳоти «Тоҷикобод» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрии судманд доир гардид.

Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ноҳия Одилҷон Маҳмадов дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, чунин қайд кард: “Мо пеш аз ҳама, ба инкишофи зинаи таҳсилоти мактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бояд шумораи муассисаҳои таҳсилотро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии толибилмон шароити мусоид фароҳам созем. Бинобар ин, аз ҳамаи падару модаронро даъват менамоям, ки дар таълиму тарбияи фарзандони хеш диққати ҷиддӣ дода, барои аз худ намудани касбу ҳунар ва илмҳои муосири замон ба онҳо шароит фароҳам оранд”.

***

Дар деҳаи «Деҳқонобод»-и Ҷамоати  деҳоти “Ваҳдат”-и ноҳия  вохӯрӣ бо сокинони  маҳал   доир  карда  шуд. Иштирокчиён  аз рафти таҳсили толибилмон  аз наздик шинос шуда,   бо   омӯзгорону хонандагон   оид ба  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбат намуда, таъкид  карданд,  ки ба таълиму  тарбияи  хонандагон  диққати  ҷиддӣ  зоҳир  карда, насли  наврасу ҷавонро ба роҳи ватандӯстӣ  ҳидоят созанд.

***

Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Мирзообод»- и Ҷамоати деҳоти “Тоҷикобод” бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар рафти  вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Одилҷон Маҳмадов бо сокинони  маҳаллаи мазкур  суҳбат орост. Мавсуф қайд намуд, ки моро зарур аст, дар рушду нумуи маҳалли зисти худ саҳмгузор бошем, то як ватани ободе барои наслҳои оянда ба мерос гузорем.

А. Солеҳова

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *