ҶАВОНО САР МАТОБ АЗ ПАНДИ ПИРОН

Худованди бузург дар Қуръони карим мефармояд: Сураи «Моида» ояти 32. Ҳар оина шахсе як шахси дигарро дар рӯйи замин ба қатл расонад, ҳамчунин аст, ки ҳамаи рӯйи заминро ба қатл расонида бошад.

Ва ҳар оина як шахсро аз дасти қотилон озод кунад, ҳамчунин аст ҳамаи рӯйи заминро озод карда бошад.

Боз Худованди бузург дар ҷойи дигар яъне дар сураи «Нисо» ояти 93 мефармояд: Ва ҳар шахси дигарро бегуноҳ, ба қатл расонад, (қасдона) пас ҷойи охирати ӯ дӯзах аст, дар дӯзах абадӣ боқӣ мемонад. Пас ғазаби Худованд ва лаънати Худованд бар вай бод.

Дар ҳадис дар «Мушкоти Шариф» меорад: Ду мусулмон ба ҳамдигар шамшер гиранд, ба нияти ҳамдигарро ба қатл расонидан. Пас якеаш дигарашро ба қатл расонад. Пас аз қотилу  мақтул дар дӯзах бошанд.

Аз Пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) пурсиданд, ки: -Чаро мақтул (кушташуда) дар дӯзах бошад?

Расулаллоҳ чунин ҷавоб гуфтанд, ки: -Мақтул низ даст (қувват) медошт, қотилро қатл мекард. Бинобар ин дуяшон дар дӯзах бошанд.

Саҳҳобагони киром ривоят шудааст, ки як ҷавоне назди пайғамбарамон Ҳазрати Муҳаммад (с) омада гуфтанд, ки:

-Мехоҳам ҳамроҳи саҳҳобагони киром дар ҷиҳод ширкат варзам.

Пайғамбарамон Ҳазрати Муҳаммад (с) гуфтанд, ки: -Эй ҷавон, оё падар ва модар дорӣ?

Ҷавон гуфт:-Оре.

Расули Акрам гуфтанд: бирав ба падару модарат хидмат кун, ки ин ҷиҳоди шумо ҷавонон маҳсуб мешавад.

Бояд ҷавонони асри ХХ1-нисбати ҷавонони гузашта хело пешрафта ва диди тоза доранд, аз оятҳои худовандӣ ва ҳадисҳои гуҳарбори пайғамбарамон, ки дар боло зикр гардид, як ҷаҳон ибрат гирифта, ба ҳар гуна ҳизбҳои сиёсӣ-динӣ ва шахсоне, ки худро дар нохунак «ҳомии асоси дини ислом ва шахси сарсупурда ва дини ислом» бовар накунанд. Он кореро, ки гузаштагонамон анҷом додан амал намоянд.

Мувофиқи мазҳаби Имоми Аъзам (р) бояд ин ҷавонони даврони соҳибистиқлол амал намоянд.

Ҳазрати Имоми Аъзам (р) мефармояд:

Дар кадом замоне зиндагӣ мекунед, бояд аз подшоҳатон итоат кунед.

Талаб (аз худ) кардани ҳамаи илмҳои динӣ ва дунявӣ фарз мебошад.

Ҳуббул-Ватан минал-Имонӣ, яъне маънои «Ҳуббул-Ватан»-дӯст доштани Ватан нишонаи (бузург)-и имондорист.

Ҷавонони мо аз ин панду андарзҳои бузургон истифода баранд. Дини мубини ислом ба ягон «ҳизбҳои сиёсӣ» ва «ҷиҳод» ниёз надорад. Балки дар ислом як роҳу равише мебошад, бандаро ба Худованди бузург қариб мегардонад. Ҳангоми тифлиям дар ёд дорам, бобоям пурсон мешуд, ки: -Бандаи кистӣ?

-Бандаи Худои якка ва ягона.

-Уммати кистӣ?

-Уммати ҳазрати Муҳаммад (с).

-Дар мазҳаби кистӣ?

-Дар мазҳаби Имоми Аъзам (р).

Ҳамеша таъкид мекарданд, ки «Бинои ислом» панҷ навъ аст:

Калимаи «Шаҳодат», яъне Лоилоҳа иллаллоҳу Муҳаммадар-расулуллоҳ;

Панҷ вақт намоз хондан;

Рӯзаи моҳи шарифи Рамазонро доштан;

Закоти мол додан;

Тавофи хонаи Худо кардан. Ҳар шахсро қудрат бар тавоноӣ бошад.

Бинобар ин дини мубини ислом дини насиҳат аст. Пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) мефармоянд: Аддину-аннасиҳа. Яъне дине, ки барои шумо пешкаш кардам ин дин насиҳат аст.

Ҷавонони мо пайрави аз гузаштагон намоянд, ба мисли Сино, Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигарон.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки «Рисолати таърихии дин ваҳдат ва субботи ҷомеа аст. На тафриқаандозӣ дар байни уммати ислом. Бояд барои насли оянда аз ҷавҳари ҳақиқӣ ва маънавӣ истифода намоем ва мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиракии сиёсиашонро аз даст надиҳанд».

Ҷавоно сар матоб аз панди пирон,

Ки ройи пир аз бахти ҷавон беҳ.

                                                  Ҳофизи Шерозӣ

 Ҳикматулло Сиҷоатов,

сархатиби масҷиди ҷомеаи ба

номи Одам (а)-и ноҳияи Вахш

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *