ТАЪМИРИ ҶАҲОН КОРИ ХИРАДМАНДОН АСТ

Дунё самари маърифати инсон аст,

Ноҷурии он касофати шайтон аст.

Аз бехирадон умеди некӣ маталаб,

Таъмири ҷаҳон  корӣ хирадмандон аст.

Ҷаҳоне ки инсон болои он ба олами ҳастӣ қадам мегузорад,бо ақлу хирад  метавонад ободу оромаш гузорад,то дами охири ҳаёт хурсандона  зиндагӣ кунад. Миллати сарбаланди  тоҷик  ҳеҷ гоҳ  ба дастбӯсии кассе сар  хам накардааст. Аз саҳифаҳои таърих медонем абармардони баору номус,ҷасуру далер ватандӯсту ҷофидое,чун Восеъ,Спитамен,

 Темурмалик…..

Таърихи адибиёт низ ба хотир меорад,ки шоире агар дар дарбор чанде хизмат карду золимию ноадолатӣ мардумфиребии подшоҳеро дид,зуд азщ он дарбор пой кашид.

Тероризм ва  Экстризм мавзуи доғи рӯз аст,инро Президети заковатманду дурандеши мо ҳанӯз аз рӯзҳои аввали  ба сари давлат омаданашо ба ҷаҳониён таъкид карда буд,ки ҳарчи зудтар пеши  роҳи ин оташро  ҳаматарафа бояд гирифт. Ин пешгӯйиҳои сарвари миллати тоҷик Э.Раҳмон  имрӯз дар ҷаҳон тасдиқ шуд.Ин оташ  ҳазорҳо  одамонро  ба коми худ фурӯ бурд,баъзе кишварҳоро сӯзонд, насли одамиро бераҳмона  нобуд кард ва нобуд карда истодааст. Инро мардуми мо медонанд  ва ба қадри талошҳои  сарвари давлат мерасанд,давлати имрӯзаи мо намегузорад,ки ҷаъи  миллат парешон шавад.Мо танҳо  дар иттиҳоди метавонем аз оташи терроризм ва экстризм  амон ёбем.

Таърих баъди Анӯшервон,Эмомалӣ Раҳмонро дорад.

  Дар ҳамин моҳи муборак зиёрати маъюбон рафтам аниқтараш ба Муассисаи Давлатии Марказии Ҷумҳуриявии тавонбахшии ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Кушониён .Шароите ,ки  давлат имрӯз барои онҳо муҳаё кардааст ягон наздиконашон нахоҳанд кард. Бо чанде аз онҳо ҳасуҳбат шудем мегӯянд;одамон моро фаромӯш мекунанд,ҳатто наздиконамон ,аммо сарвари давлат моро ҳеҷ гоҳ фаромуш намекунад.Аввал суханонашон аз некиҳои сарвари давлат  ва сиёсати имрӯзаи он аст. Бешак агар нафаре аз чунин давлат ношукри  кунад на танҳо дар ин дунё балки дар ҳарду дунё  гирифтори  оташ хоҳад шуд.Саъдии бузург  гуфтааст;

Некӯи бо бадон кардан чунон аст,

Ки бад кардан ба ҷони некмардон.

Бад аз наҳвати ҷоҳ батар шавад,

Чу гардад қавӣ мор аждар шавад.

      Сарвари давлат фарзандони ин тоифаро аз майдони оташ ,аз ҷаҳони гумроҳӣ  ба диёри осошта баргардонд,албатта кӯдакон бегуноҳанд.Давлат ин наврасонро ба канор гирифта  тарбият мекунад ва шояд ки дар оянда шахсони хуби ҷомеъа шаванд.Абулмаъони  Бедили Деҳлавӣ фармудааст;

Бо ҳаловат мефизояд суҳбати соҳибдилон,

Меваи нахле ки пайвандаш куни  ширинтар аст,

Бе такаллуф касби хеши кун дар девони роз,

Андаке фаҳмидан аз бисёр гуфтан хуштар аст.   

—Садафмоҳи    Раҳматшоҳ  омӯзгори м.т.м.у №6 н ВАХШ.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *