АЗ МАҶЛИСИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯ

Дар  толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия баргузор гардид, ки дар он фаъолияти тамоми сохторҳои хоҷагии халқи ноҳия аз ҷониби раиси ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси ноҳия аз масъалаи муқовимат бо коррупсия дар сохторҳои мақомоти давлатӣ ва дигар идораву ташкилотҳо ҳангоми иҷрои вазифавӣ мавриди гуфтугӯ дод.

Мавсуф зимни суханронии хеш аз ин зуҳуроти номатлуб сухан карда, изҳори боварӣ намуд, ки дар раванди корҳои ҳамарӯза бар зидди ин зуҳурот муборизаи ҷиддӣ бурдан лозим. Зеро муносибати нохуб дар ин ё он самт метавонад боиси сар задании нохӯшиҳо дар ба амал омадани кирдорҳои коррупсионӣ шуданаш мумкин аст. Таъмини иҷроиши қисми даромади буҷети ноҳия, пардохти сари вақтии музди меҳнат, нафақа яке аз масъалаҳои муҳими кори ҳамарӯзаи ҳар як роҳбари ташкилоту идора ва ҷамоату дигар кормандони соҳа буда, барои ҳалли онҳо тадбирҳои муҳим андешидан лозим меояд.

Ба низом даровардани кори соҳаи фарҳанг, махсусан дарёфти кадрҳои соҳибтахассус ва ҷорӣ намудани кори бонизоми клубу китобхонаҳо, ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ, ҷалби бештари хонандагон ба китобхонӣ, дӯст доштани ватани хеш, ободониву сарсабзии ин диёри маҳбубамон мебошад.

Кор бо оилаҳои ҷавон, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо байни ҷавонону наврасон низ  яке аз масъалаҳои рӯзмаррае буданд, ки раиси ноҳия ба он таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба масъулин дастур ва супориш доданд, ки дар ин масъала тадбирҳои судманд андешанд.

Доир ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» гузаронидани суҳбату вохӯриҳо бо падару модарон, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии ҳаргуна бемориҳои сироятӣ ҳам дар байни аҳолӣ ва ҳам дар байни чорво, назоратӣ ба фурӯш набаровардани маҳсулотҳои пастсифат, аз ҳоли тандурустии мардум тез-тез хабар гирифтани духтурони тибби оилавӣ аз  он  масъалаҳое буданд, ки раиси ноҳия дар маҷлиси назоратӣ мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *