РОҲСОЗИ АМАЛИ НЕК АСТ!
Сешанбе, 19/11/2019, 19:54 Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати дар амал татбиқ аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо дастгирии узви фаъоли ҲХДТ, соҳибкори маҳаллӣ Муборакшоҳ Неъматзода дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МНРА”-и ноҳияи Вахш 300 метр роҳи ҳудуди маҳаллаи Мусаффо мумфарш карданд. Зимни баргузории Аксияи ҳизбӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш доир ба самтҳои…
ФАРЗАНД БОЯД ЗЕРИ НАЗОРАТ БОШАД
Сешанбе, 19/11/2019, 19:52 Дар маҳаллаи «Ҳ.Шерозӣ»-и Ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш вохӯрии гурӯҳи кории таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷавонон вохӯриҳои судманд баргузор гардид. Дар вохӯрӣ мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Вахш Тахмина Азизова, мушовири шуъбаи маориф Тоҷинисо Расулова, намояндаи шуъбаи корҳои дохила Суҳроб Мирзоев иштирок доштанд. Ҳадаф аз баргузории вохӯриҳо дар он…
СУХАНРОНИИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАХШ ҚУРБОНАЛӢ ЮСУПОВ ДАР ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ «РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ» РӮЗИ 16 НОЯБРИ СОЛИ 2019
Шанбе, 16/11/2019, 08:12 Ҳозирини гиромӣ! Ҳамдиёрони азиз! Раванди таърихии ҷамъият барои пешбурди худ шахсиятҳои маъруфу муътабарро вориди саҳнаи таърихи инсоният мегардонад, ки онҳо бо ақлу заковат, донишу маърифат ва ҷасорату матонати худ бунёдгари раванди нав дар ин ё он кишвари олам мегарданд. Баъди пош хурдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шуравӣ Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон яке аз он кишварҳое буд, ки аз…
НАМЕГУЗОРЕМ НАСЛИ ҶАВОНУ ОЯНДАСОЗ ШОМИЛИ ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ГАРДАНД
Душанбе, 18/11/2019, 10:35 Мо бояд андеша кунем вақте, ки Паёмбари Худо Ватанашро дӯст медорад, мо умматонаш бояд ба ӯ пайравӣ намуда, Ватани худ, Пешвои миллатамонро дӯст дорем ва марзу буми Ватани азизамонро мисли гавҳараки чашм нигаҳбон бошем. Фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳисси миллӣ, эҳтироми калонсолон, эҳтиром ба оиладорӣ, нигоҳ доштани анъанаҳои миллиамон тарбият намоем, ки фардо дар ғафлат намонем. Ҳар…
ДАВЛАТДОРӢ ВА ОЙИНИ РАҲБАРӢ (дар ҳошияи таҷлили Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ва Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон )
Ҷумъа, 15/11/2019 – 17:10 Агар ба таърихчаи давлатдории тоҷикон дар замони муосир, махсусан, замони даргириҳои бемаънии ибтидои солҳои навадуми асри гузашта як каме мурур кунем, хоҳем дарёфт, ки чӣ мушкилоте домангири давлатмардони вақт будааст ва онҳо дар қиболи чӣ мушкилоте истод шудаанд. Имрӯз бар асоси шунидаю мутолеот сари масоили бунёди давлат ва роҳандозии сиёсати муваффақона дар қаламрави ҷумҳурӣ суҳбату фазлфурӯшӣ…
ИҶЛОСИЯИ САРНАВИШТСОЗ-БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Ҷумъа, 15/11/2019 – 16:59 Яке аз санаҳои бузурги таърихӣ барои мардуми шарифи тоҷик ин баргузории Иҷлосияи XV1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи тоҷикон нақши барҷастае дорад. Тақдири давлат ва истиқлолият қувваҳои солими ҷомеаро ба мубориза барои ҳимоя намудани манфиатҳои ягонаи миллат ва пойдор намудани адолату қонуният даъват намуд. Иҷлосияи XV Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади хотима…
ХАБАРИ МАРКАЗИ МАТБУОТИ СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Паншанбе, 14/11/2019 – 09:15 Чӣ тавре, ки пештар хабар дода шуда буд, бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», манъ намудани фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бастани сомонаҳои интернетии ин ташкилот ва манъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои…
СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ
Чоршанбе, 13/11/2019, 15:33 Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳия семинарии омӯзишии хатмкунандагон оид ба дохилшавии довталабон тариқи Маркази миллии тестӣ баргузор гаштанд. Ҳадаф аз гузаронидани чунин семинарҳо дар он аст, ки барои довталабон тариқи ММТ ба муассисаҳо олии касбӣ нисбати солҳои пешин иловаҳо ворид гардидаанд. Ҳамчунин хатмкунандагон бояд аз нозукиҳои кори хаттӣ ЭССЕ бохабар бошад. Барои дуруст навиштани ЭССЕ…
СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИИ «ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА»
Сешанбе, 12/11/2019, 21:03 Дар маркази омӯзишии атласу адрасбофии ноҳия семинари омӯзишии «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» баргузор гардид. Дар семинари мазкур мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Т. Азизова, раисони шӯрои занон дар ташкилоту муассисаҳо, намояндаи шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ, имомхатибон, фаъолзанон иштирок намуданд. Ба иштирок аз ҷониби коршиносон варақаҳои иттилоотӣ тақдим карда шуд. Оид…
СЕМИНАРИ ДОИМОАМАЛКУНАНДА
Душанбе, 11/11/2019, 13:18 Дар асоси нақша-чорабиниҳои Шуъбаи маорифи ноҳия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ноҳия бо иштироки муовинони директори муассиса оид ба синфҳои ибтидоӣ семинари доимоамалкунанда баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ин семинарҳо дар он аст, ки омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дар дарсҳо ширкат варзида, аз таҷрибаи ҳамдигар бархӯрдор шаванд ва маслиҳатҳои хешро нисбат ба ғани гардонии таҷрибаи корӣ иброз…