БАРОИ РУШДУ ОБОДИИ ДИЁР БЕШТАР МЕҲНАТ КУНЕМ

Душанбе, 06/01/2020-13:09

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия  Қурбоналӣ Юсупов ҷамъбасти солонаи хоҷагии халқ баргузор гардид.

Муовинони раиси ноҳия С. Абдуллозода, А. Файзуллозода ва Ф. Зоҳидзода, аз бурду бохти соли 2019-ум дар назди ҳозирин баромад карда, соҳоти хоҷагии халқи ноҳияро таҳлил намуда, аз муваффақияту пешравиҳо ва камбудию норасоиҳо андешаҳои хешро иброз доштанд.

Сипас, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов аз масъулини соҳаҳо пурсиш ба амал оварда, мушкилоти ҷойдоштаро қайд намуда, дар наздашон вазифа гузошт, ки  фаъолияти соҳаҳоеро, ки ба зимма доранд корро ҷоннок созанд.

Дар ҷамъбасти маҷлиси солонаи ноҳияи Вахш вазири мудофиа Шералӣ Мирзо ва  муовини аввали раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабзода иштирок карда,  суханронӣ намуданд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *