Боздид аз сохтмони Корхонаи насоҷӣ ҶДММ “Ваҳдат – текстайл – Вахш”
Сешанбе, 14/02/2023-18:20 Ҳукумати ҷумҳурӣ аз рӯи талаботи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 муайян намуд, ки дар баробари се ҳадафи стратегии мавҷудаи кишвар, ки қариб пурра ба иҷро расиданд, дар оянда баланд бардоштани соҳаи саноат зарур ва муҳим аст. Бо ҳамин мақсад Роҳбари давлат саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намуда, тамоюли афзоишу пешравиии тамоми соҳаҳо…
Боздид аз Корхонаи истеҳсолии маҳсулотҳои ширӣ «Нуфузи Вахш»
Сешанбе, 14/02/2023-18:00 Дар идомаи сафари корӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон аз кохонаи истеҳсолии маҳсулоти ширӣ “Нуфузи Вахш”- и ноҳияи Вахш дидан намуда бо роҳбарият ва кормандони ин коргоҳ суҳбат намуданд. Аз тарафи соҳибкор Саидов Аҳлиддин ба маблағи 3 миллион сомонӣ сохта шуда, барои 18 нафар ҷойи корӣ ташкил карда шудааст. Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии ҶДММ “Нуфузи Вахш” бо мақсади…
Боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш
Сешанбе, 14/02/2023-15:08 Дар идомаи сафар, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид аз рафти корҳои сохтмонии Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш шинос шуданд. Мувофиқи «Лоиҳаи ҳифзи саломатии модару кӯдак ва беҳтар намудани самти ёрии таъҷилии тиббӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон», дар асоси созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федоролии Олмон оиди ҳамкориҳои молиявӣ ва маблағгузории бонки олмонии…
САФАРИ КОРИИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ ВАХШ
Сешанбе, 14/02/2023-15:00 Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати бунёдкорию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, субҳи имрӯз иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ҷиҳати шиносои аз рафти корҳои сохтмонии иншоотҳои ҷашнӣ ва мулоқот бо фаъолону сокинон ба ноҳияи Вахш сафари корӣ анҷом…
КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР НОҲИЯ
Панҷшанбе, 09/02/2023-09:54 Корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Вахш бо маром идома дошта, то ин муддат 14 ҳазор дарахтони ҳамешасабз, сояафкану мевадиҳанда, 13 ҳазор гули лола, зиёда аз 30 ҳазор гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст. Кормандони боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Мирзо Турсунзода ва кормандони Корхонаи фаръи давлатии муассисаи коммуналии ноҳия дар назди бинои Мақомоти иҷроия дарахтони ҳамешасабз, гулҳои лолаву мавсимӣ шинонида, бехи…
АЗ ИҚДОМҲОИ ПЕШВО- БОЛО РАВАД ОБРӮИ МО
Сешанбе, 07/02/2023-10:45 Пазироӣ аз ташаббуси Пешвои миллат “Соли 2025 –ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба миллати тоҷик Дар таърихи 14-уми декабри соли 2022 Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид зимни Иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам…
МУҲТАВОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Душанбе, 06/02/2023-08:11 Паём ба Маҷлиси Олӣ барои пешрафти давлату миллат саҳми муҳим дошта, бинобар ин масъалаҳои муҳими давлатӣ дар он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо он ироа мешаванд. Паём ба Маҷлиси Олӣ барои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муҳим арзёбӣ шудааст ва он дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст. Мувофиқи…
БАҲРИ ОБОДОНӢ ҶАДАЛ БОЯД КАРД
Якшанбе, 05/02/2023-09:35 Дар литсейи касбии техникии ноҳия Вахш, ки роҳбарии онро Фирдавс Шарифзода ба уҳда дорад, ба корҳои ободониву созандагӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Донишҷӯёну омӯзгорони муассисаи мазкур дар назди муассиса 100 дона гули садбарг, дарахтони мевадиҳандаву ороишӣ ва ҳамешасабз шинониданд. Корҳои ободониву тозагии муҳити атроф, ниҳолшинониву сабзгардонӣ бо маром идома дорад.
САҲМИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР КОРҲОИ ОБОДОНӢ
Якшанбе, 05/02/2023-09:06 Кормандони соҳаи маориф дар корҳои ободонӣ саҳми арзанда мегузоранд. Кормандони техникии муассисаҳои таълимии ноҳия дар муассиса-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳия, ки бо ташаббуси соҳибкорони ватанӣ ва маблағгузори давлати Қатар, ки дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад, зиёда аз 160 ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида, гирду атрофи муассисаи мазкурро тоза намуданд.
ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР НОҲИЯ
Якшанбе, 05/02/2023-09:00 Имрӯз кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Вахш аз рӯзҳои офтобӣ самаранок истифода намуда, ба шанбегии умуминоҳиявӣ баромада, дар корҳои ободониву созандагӣ саҳми арзандаи хешро мегузоранд.