Душанбе, 30/12/2019- 15:37
Дар пайравии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чун анъана дар арафаи Соли нав ба 104 нафар ашхоси камбизоат, пиронсолони яккаву танҳо ва барҷомондагону маъюбони ноҳияи Вахш бахшида ба соли нави мелодӣ бо ташаббуси иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Қурбоналӣ Юсупов хони идона ороста шуд.
Дар чорабинии ба ин хотир баргузоргардида иҷрокунадаи вазифаи раиси ноҳия Қурбоналӣ Юсупов, намояндаи вазорати мудофиа, намояндагони ҳифзи ҳуқук иштирок намуда, туҳфаҳои солинавӣ тақдим карданд.
Ҷиҳати дастгирии доимии ашхоси камбизоат роҳбари хизматрасонии кумаки иҷтимоӣ дар хонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш Мунаввара Сафархолова ба ашхоси хайрхоҳу саховатпеша миннатдории хешро изҳр дошта, аз ҷумла қайд кард:
-Дар арафаи ҳар иду ҷашнҳо шумораи шахсони саховатпеша, хайрхоҳ, соҳибкороне, ки кӯмакҳои худро ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, хона – интернатҳо барои маъюбону пиронсолон, ятимхонаҳо, шахсони яккаву танҳо ва бепарастор, заифону бечорагон ва бенавоёну муҳтоҷон равона месохтанд нуран ало нур мешуд. Худованд барои як кору амали нек ба бандагонаш савоби даҳчандро подош медиҳад.