Чоршанбе, 27/11/2019-14:15
Дар шароити имрӯза, ки дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии мамлакатамон дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ мепайванданд, муносибати байни миллату халқиятҳо аҳамияти калон пайдо карда, ба яке аз масоили муҳими рӯз табдил ёфтааст. Муҳоҷирати халқу миллатҳои гуногун ба кишвари мо ва ба кишварҳои дигар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани табақаҳои гуногуни аҳолӣ боиси ба вуҷуд омадани мушкилоти гуногун мегардад. Ин мушкилот дар шаклҳои гуногун, чунончи бетарафӣ, тарсу ҳарос, бадбинӣ ва монанди инҳо зуҳур меёбад. Қисмати муайяни наврасону ҷавонон ба таъсири ташкилотҳои экстремистӣ, ҷунбишу ҳаракатҳои динию сиёсӣ, ки ғояҳои зуроварӣ, миллатчигиву нажодпарастиро тарғиб менамоянд, гирифтор шуда, дар вуҷуди онҳо нисбат ба намояндагони дину мазҳаб ва халқу миллатҳои дигар ҳисси бадбинӣ ва душманӣ ташаккул меёбад.
Аз ин лиҳоз, қобилияти ақидаи дигарро қабул карда тавонистан, бо ақоиди дину мазҳабҳои дигар муросо намудан, бо халқу миллатҳои дигар дар ҳамзистии осоишта кору фаъолият кардан яке аз аломатҳои хосаи инсони дорои эътиқоди қавии иҷтимоӣ ва ахлоқӣ мегардад. Ба таври дигар гӯем, ташаккули таҳаммулпазирӣ дар вуҷуди ҷавонон яке аз масъалаҳое мебошад, ки имрӯз аҳамияти ниҳоят калон пайдо кардааст. Ин масъала боиси ташвиши омӯзгорон ва волидайн гардида, аз ҳар як узви ҷамъият диққати ҷиддӣ ва қадамҳои мушаххасу устуворро тақозо менамояд.
Дар хусуси нақши муҳим доштани маориф, хусусан макотиби оливу миёна ҷиҳати рафъи ҳодисаҳои манфии дар боло зикршуда маводи гуногуни илмиву публитсистӣ мавҷудан [1-2]. Омӯзишу таҳлили онҳо нишон медиҳад, ки барои ҳалли масъалаи тарбияи таҳаммулпазирӣ дар пешаи омӯзгорӣ заминаҳои зиёде ба вуҷуд омадаанд, ки онҳоро ба панҷ гурӯҳ табақбандӣ кардан мумкин аст:
Таҳқиқоте, ки дар ин самти фалсафаи экзистенсиализм гузаронида шудаанд. Зеро чи тавре медонем, масъалаи ташаккули таҳаммулпазирӣ ба як қатор асосҳои фалсафӣ алоқаманд буда, ба фаҳмиши он, имконияту ҳудуди тафаккур ва якдигарфаҳмӣ дахл дорад.
Таҳқиқоте, ки ба хусусиятҳои синну соли наврасӣ бахшида шудаанд. Чи тавре аз таҳқиқоти гуногуни илмӣ бармеояд, маҳз дар ҳамин синну сол асосҳои ахлоқи бошууронаи наврас дар ҷамъият гузошта мешавад, рушди қобилияти ақлонӣ, кӯшиши ба моҳияти ҳодисаи омӯхташаванда сарфаҳм рафтани наврасону ҷавонон мушоҳида мегардад.
Таҳқиқоте, ки ба имкониятҳои муносибатҳои мутақобили гурӯҳӣ, дарки тағйироти муносибатҳои байнифардӣ, муҳтаво ва арзишҳои фаъолияти ҳар як гурӯҳи мушаххасан рушдёфта алоқаманданд.
Таҳқиқоте, ки ба роҳу усулҳои ҳозиразамони омӯзиш ва такомули раванди педагогӣ бахшида шудаанд.
Таҳқиқоте, ки муҳтавои таҳсилотро дар бар мегиранд.
Бояд қайд кард, ки дар баробари заминаҳои назариявӣ заминаҳои амалии ҳалли масъалаи тарбияи таҳаммулпазирӣ низ ташаккул ёфтааст. Ин, пеш аз ҳама, қабули барномаҳои давлатии ташаккули тарбияи таҳаммулпазирӣ ва пешгирии экстремизм дар ҷамъият, рушду фаъолгардонии тарбия дар системаи муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, қабули Консепсияи миллии тарбия (с. 2006) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” (с.2013), тамоюли ба маҷмуаҳои ягонаи омӯзгорӣ ҳамгироишавии муассисаҳои таълимӣ, афзоиши равандҳои инноватсионӣ дар соҳаи тарбия, тафриқаи муассисаҳои таълимӣ, ба муассисаҳои касбӣ майлкунонии мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ ва дигарҳо мебошанд.
Таъкид бояд кард, ки дар ҳалли бисёр масъалаҳои тарбия раванди таълим мавқеи хоса дорад, зеро он ба шахсияти хонанда нигаронида шуда, хусусиятҳои ҳаракатнамоӣ, эҷодкорӣ ва табиати башардӯстӣ дорад [3]. Вале, мутаассифона, ин қувваи тавоно дар тарбияи таҳаммулпазирӣ ба таври кофӣ ва мақсаднок истифода бурда намешавад. Ин сабабҳои гуногун дорад. Чунончи, аз як тараф, мафҳуми таҳаммулпазирӣ ҳамчун мафҳуми серпаҳлу ва пурзиддият шарҳу эзоҳ ёфта, мақсади раванди тарбияро душвор мегардонад, аз тарафи дигар, муассисаҳои таълимӣ нерӯи муоширати хонандагонро дар раванди таълим ба пуррагӣ истифода бурда наметавонанд. Сеюм, тарбиятдиҳандагоне, ки дар таълимгирандагон муносибати таҳаммулпазириро тарбия карданӣ мешаванд, аз сабаби мавҷуд набудани дастуру тавсияҳои методӣ ба мушкилот мувоҷеҳ мегарданд.
Аз ин рӯ, тадбиқи ин нерӯи мавҷуда танҳо дар раванди таълимӣ-тарбиявии ҳар як фанни таълимӣ, аз ҷумла таълими фанни забони хориҷӣ имконпазир буда метавонад.
Бо ин мақсад мо забони хориҷиро дар маркази кори таҳқиқотии худ қарор дода, диққати асосиро ба дарёфт ва асоснок намудани шароитҳои омӯзгории тарбияи таҳаммулпазирӣ дар байни хонандагон дар машғулиятҳои забони хориҷӣ (англисӣ) равона намудем. Дар таҳқиқоти худ ду гурӯҳи усулҳоро истифода бурдем:
Усулҳои амалӣ.
Усулҳои назариявӣ.
Ин усулҳо тарҳрезӣ, таҳлили таҷрибаҳои гузаронидашуда, сохтани тарҳи назариявӣ ва ахборотӣ, анкетагузаронӣ, тестӣ, сӯҳбат бо хонандагону омӯзгорон, мушоҳида, қайди натиҷаҳои таҳқиқот ва омилҳои дигарро дар бар мегирифтанд.
Таҳқиқот нишон дод, ки дар машғулиятҳои забони англисӣ истифода бурдани шаклҳои гурӯҳии кор муносибати фардро бо муҳити атроф таъмин намуда, манбаи асосии рушди фард, воситаи таъмини худифодакунӣ ва омили такондиҳандаи рушди минбаъдаи шахсияти ӯ мегардад ва имкон медиҳад, ки субъект тамоми қувваю заковати худро барои ифодаи ҳолати асоси хеш ва дарки пурраи олами атроф равона созад.
Ташаккули чунин шахсият ба туфайли аз худ шудани маҳорату малакаи муҳими ҳаётӣ имконпазир буда, ба донишандӯзон имкон медиҳад, ки дар муҳити ӯро иҳотанамуда бо худ ва дигарон дар сулҳу оштӣ ва муросо кору фаъолият намояд. Ин маҳорату малака дар муносибати позитивии ҳал кардани ҳолатҳои муқобилияти тезутунд, аз худ кардани усулҳои алоқавӣ, ташакули салоҳиятнокӣ, устувории руҳию иҷтимоӣ, ҳамдилӣ, дилсӯзӣ, худшиносӣ, қадр карда тавонистани дастоварду муваффақияти дигарон ва ғайра зоҳир мегардад [4].
Ҳамин тариқ, ба туфайли омӯзишу таҳлил муқаррар гардид, ки раванди рушди таҳаммулпазирӣ дар чор зина амалӣ гардида, муҳтавои сохтории он аз қисматҳои таркибии зерин-худбаҳодиҳӣ, худдарккунӣ, худтанзимкунӣ, худшиносӣ иборат мебошад, ки онҳо дар ҳамбастагӣ амалӣ гардидани вазифаи таҳаммулпазириро таъмин месозанд.
Зоиршоҳ Назиров, омӯзгори забони англисӣ
МТМУ №41-и ноҳияи Вахш