Пешгирии ифротгароӣ, терроризму экстремизм муборизаи дастаҷамъонаро тақозо мекунад

Чоршанбе, 27/11/2019-15:15

Тоҷикистони азизамон имрӯз дар ҳоли рушд қарор дошта, Ҳукумати мамлакат зина ба зина ба ҳадафҳои стратегии худ ноил гардида, дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, аз ҷумла дар соҳаи маориф дастовардҳои зиёде ба даст оварда истодаем.

Аммо, чи хеле Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Мо бояд ба муваффақиятҳо қонеъ нашуда, нишондиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба стандартҳои ҷаҳонӣ наздик созем, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшем, дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар гардонем». Дар иртибот ба ин боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли наврас вазифаи ҷонии ҳар як омӯзгор ва волидон мебошад.  

Имрӯз, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ қарор дорем ва ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мегардем. Яке аз проблемаҳои глобалии асри ХХI тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг буда, бархурди тамаддунҳо ба вуҷуд меоянд, ки талабот нисбат ба сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули наслҳои имрӯзу оянда вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи навинро пеш мегузорад. Дар ин марҳилаи муҳим бештар ба масъалаҳои ташаккули маънавиёт, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, инчунин дар тафаккури насли наврас густариш додани ҳисси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлати ниҳоят муҳим мебошад.

Солҳои охир содиршавии амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус вазъи Афғонистони ҳамсоя, дар ин ҷо пайдо шудани террористони бо ном «Давлати исломӣ» ниҳоят хатарзо буда, бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд.

Нуҳуми сентябри соли 1991, ки дар арсаи байналмилалӣ ва харитаи сиёсии ҷаҳон боз як давлати ҷавон – Тоҷикистони соҳибистиқлол ва соҳибихтиёр ба вуҷуд омад ва ин рӯйдоди таърихӣ аз оғози марҳалаи наву тоза дар ҳаёти миллати тоҷик башорат дод. Истиқлолияти давлатӣ натиҷаи мантиқии талошу муборизаҳои фидокоронаи халқи озодихоху тамаддунсоз ва бонангу шарафманди тоҷик буда, таърихи пурифтихори халқамон гувоҳ аст, ки дар тӯли садсолаҳо соҳибихтиёрӣ, талоши расидан ба давлатдории мустақили миллӣ орзуи миллати истиқлолхоҳи мо ва фарзандони некному хирадманди он буд. Вале, мутаассифона, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бадхоҳони миллати тоҷик тавонистанд, бо ақидаҳои ифротгароии худ миллати тамаддунофару куҳантаърихи тоҷикро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашанд  ва дар ин ҷанг садҳо сокинони вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияи Вахш ҷони худро аз даст дода, мардуми меҳнаткашу меҳнатқарин маҷбур шуданд, ки хонаву дари худро тарк карда, ба манотиқи дигари Тоҷикистон, ҳатто ба кишварҳои ҳамсоя фирор намоянд. Ҳазорҳо манзилҳои истиқоматӣ сӯзонда шуда, ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ харобу валангор гардиданд.  

Хушбахтона, ҷомеаи ҷаҳони имрӯз-Тоҷикистонро ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф карда, ба мақоми он арҷ мегузорад ва ташаббусҳои созандаи онро ба хотири ҳаллу фасли масоилу мушкилоти гуногуни сайёра дастгирӣ менамояд.

Аммо, ҳоло ҳам аз таърихи талхи начандон дури ҷанги шаҳрвандӣ сабақ нагирифта, дар кишвари азизамон пайдо шуданд гурӯҳҳое, ки зери таъсири хоҷагони хориҷии худ ба ифротгароӣ даст зада, барои амалӣ намудани манфиатҳои гурӯҳии худ ба ғасби зӯроваронаи ҳокимият талош кунанд.  

Имрӯз ифротгароӣ бо шаклҳои гуногун маъмул аст, ки ҷанбаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсӣ, динию мазҳабӣ ва миллию этникӣ дошта, дар ҳама шаклҳои мавҷуда омили таҳдидовар ба амнияти миллатҳо ва давлатҳо ба ҳисоб меравад.

Доктори илмҳои фалсафа, профессор Хидирзода М. У. қайд мекунад, ки: «Ҷонибдорони ин ақидаҳо баҳри ҳақ баровардани мавқеъ, дуруст нишон додани арзишҳои худ пурра ва ё қисман арзишҳои умумипазируфташудаи иҷтимоиро инкор намуда, қодиранд барои тасдиқи ақидаҳои худ аз роҳу воситаҳои зӯроварона истифода баранд. Масалан, дар доираи дини ислом ин амали худро бо мафҳуми «ҷиҳод» маънидод намуда, бо ин роҳ дар роҳи ҳақиқат қарор доштани худро собит менамоянд. Тавассути тафовути ҷиддии мафкуравии худ кӯшиш менамоянд, то дар зоҳир низ аз дигар аъзои ҷомеа худро тавассути намои зоҳирии фарқкунанда ва дигар аломатҳо аз қабили сару либос ва одоби муносибат ҷудо намуда, ин амали худро ҳақ нишон диҳанд».  Гуфтан мумкин аст, ки онҳо нафароне мебошанд, ки ақл ва зеҳни онҳо дар доираи системаи муайяни арзишҳои ба онҳо таҳрикшуда карахт шуда, қобилияти дарки дигари масъаларо надоранд. Онҳо имрӯз дастовардҳои соҳибистиқлолии кишварро нодида мегиранд қобилияти шинохти фарҳанги миллӣ, таъриху тамаддун ва қаҳрамониҳои Спитамен, Темурмалику Восеъи шуҷоъро, ки барои ҳифзи марзу буми Ватан ва манфиати халқ бархостанд, урфу одат ва муқаддасоти миллиро надоранд. Чунки ҳама гуна арзише, ки аз доираи фаҳмиши онҳо берун аст, ҳамчун андешаи ботил дониста мешавад. Бинобар ҳамин ҳам, онҳо дар рафтори худ якрав, худхоҳ, барои ҷомеа ва атрофиён хавфнок, дар мубоҳиса таҳаммулнопазиранд. Вале, идоракуниии онҳо дар доираи фаҳмишашон, ки маҳдуд аст, ниҳоят осон буда, ақлу ирода ва рафтори онҳоро хоҷагонашон идора мекунанд. Дар роҳи амалӣ намудани мақсадҳояшон қатъӣ, ҷиддӣ, бо ҷуръат, нотарс ва ҷасур мебошанд. Зеро онҳоро ба ғуломи кадом як ғояи рӯзи саодат мубаддал кардаанд, ки барои онҳо ҳаёти инсонӣ арзише надошта, худи онҳо омодаанд дар дилхоҳ лаҳза ба амалҳои даҳшатноки террористӣ даст зада, бо зиндагӣ дар ин дунё падруд гӯянд. Ҳол он ки бояд фарзанди тоҷик барои дифои марзу буми Ватан, падару модар, хоҳарону бародарон, сарзамини аҷдодӣ, илм, фарҳанг ва манфиатҳои миллӣ баромад карда, дар ҳолати зарурӣ ҷон супорад.  

Вале, садҳо фарзандони тоҷик мутеи ифротгароӣ шуда, тавассути идораи беруна ё фатвоҳои «устодони маънавии худ» барои ҳифзи манфиатҳои мазҳабии дигар халқу миллатҳо дар давлати бо ном исломии Сурия амалҳои террористию экстремистиро анҷом дода, аъзои гурӯҳҳои экстремистӣ гардидаанд. Онҳо гурӯҳи нафароне мебошанд, ки дар доираи ягонагии эътиқодӣ, мафкуравӣ ва сиёсӣ мутаҳҳид гашта, мақсади амалӣ кардани фаъолияти экстремистиро доранд.

Ташкилоти террористӣ бошад, ин ташкилоте мебошад, ки ба мақсади содир намудани ҷинояти террористӣ таъсис дода шудааст ё дар фаъолияти худ имконияти истифодаи терроризмро эътироф менамояд.     

 Имрӯз ҳаракатҳои эстремистию байналмилалӣ тавонистанд, ки тавассути маблағгузорӣ, бо истифода аз камшуурии бархе аз ҷавонон ва шахсоне, ки доираи фаҳмишашон маҳдуд аст, шохаҳои худро дар манотиқи гуногуни дунё таъсис диҳанд ва дар баробари анҷом додани амалҳои террористӣ, фаъолияти тарғиботӣ ва ҷалбкуниро ба роҳ монда, ғояҳои ифротиро дар ҷомеа паҳн кунанд.

Новобаста аз он ки имрӯз амалҳои номатлуби экстремистию террористиро дар минтақаҳои гуногуни дунё тавассути расонаҳои хабарӣ мебинем ва мешунавем, аммо, мутаассифона, ҷалб гардидани онҳо низ ба ин ташкилоту ҳаракатҳо мушоҳида шуда истодааст, ки ин амали занон баҳри қувват гирифтани зуҳуроти ифротгароӣ таъсир расонида истодааст.

Боиси тазаккур аст, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ чӣ ҷанбаҳои мусбӣ ва чӣ ҷанбаҳои манфии худро дорад. Дар ин раванд пурзӯршавии омезиши шадиди арзишҳо масъалае мебошад, ки баҳри пойдории фарҳангҳо тазодҳои зиёдро пеш меовард. Дар ин давра таҳоҷуми фарҳангӣ дар шаклҳои гуногун ва роҳу василаҳои гуногун суръат гирифта, истодагарӣ карда тавонистан дар рӯ ба рӯи он масъулияти баландро тақозо менамояд. Пурзӯршавии ин раванд инчунин ба қувватгирии таъсирҳои гуногуни иттилоотӣ низ вобаста буда, рушди технологияхои иттилоотӣ баҳри ин замина фароҳам меоварад. Бинобар ин, нигоҳ доштани ҳуввияти фарҳангӣ дар шароити муосир басо муҳим мебошад. Зеро раванди номатлуби тақлидкорӣ дар пӯшидани сару либос, ки имрӯзҳо дар байни бархе аз занону духтарони мо вомехӯрад, оқибатҳои хуб надошта, боиси авҷгирии тамоюли бегонапарастӣ гашта метавонад.

Набояд фаромӯш кард, ки занон дар раванди таҳкими давлатдории миллӣ рисолати нигоҳдорандаи  фарҳанг, забон, урфу одат ва анъанаҳо, ҳифзкунандаи муқаддасоти оила ва тарбияи фарзанд ва ходими фаъоли ҷамъиятию давлатиро адо намуда истодаанд.

         Давлатдории миллии мо давраҳои ҳассосу хавфбори зиёдеро паси сар кард ва доғу дарди онҳоро занону модарон дучанд эҳсос намуданд.

Маҳз ҳамин ҳолат ҳамаи моро водору вазифадор мекунад, ки нисбат ба равандҳои ҷомеа ҳаргиз мавқеи бетафовутӣ нагирем, тарбиятгари фаъоли онҳое бошем, ки ояндаро вогузорашон хоҳем кард.

Зеро сарнавишти талхи модарони сириягию либиягӣ ва ироқию афғон нишонаи он аст, ки дар раванди муборизаҳои геополикӣ сарнавишти давлатҳо ва инсонҳо барои неруҳои манфиатталаб арзише надоранд.

Бинобар ин, дастаҷамъӣ ва мусоидати комили ҷомеа, шӯрои калонсолон, омӯзгорон, шахсони обруманди маҳал ва кӯчаҳо, ходимони дин, олимон ва махсусан занону модарони огаҳу худшиноси мо ҷиҳати муаррифии дурусти арзишҳо ва анъанаҳо, роҳнамоӣ намудан дар самти воридшавии ҷавонон ба муҳити иҷтимоӣ, кам намудани таъсирҳои манфии ғоявӣ ба онҳо, пурзӯр намудани муқовимати онҳо ба таҳоҷуми гуногуни фарҳангию мафкуравӣ, ақида ва равияҳои экстремистию террористӣ мусоидат намояд.

Имрӯзҳо дар саросари кишвар бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани яке аз идҳои бузурги мо – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар, аз ҷумла ноҳияи Вахш корҳои ободкориву созандагӣ идома дошта,  симои шаҳраку деҳоти мо ҳамарӯза дигаргун гашта истодааст.

Мо ҳама бояд хуб эҳсос ва дарк намоем, ки ободии Ватан аз ободии хонадону оила ва ҳар як манзили истиқоматӣ ибтидо мегирад. Бо дарназардошти ин, ҳар яки мо ки ободии Ватан ва саодати хонадони худро мехоҳем, бояд пеш аз ҳама барои тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист, хонаву ҳавлӣ, деҳаву ноҳия ва дар рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ тарбият намудани насли наврасамон кӯшиш ба харҷ диҳем.

Ин аст ватандорӣ, худшиносӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллии тоҷикон.

Шарофиддин Саидов,

директори МТМУ №35-и ноҳияи Вахш             

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *