ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДА ВА БУНЁДКОР

Ҷумъа, 22/11/2019, 19:21

Бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем» бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ноҳияи Вахш бо маром идома доранд.

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи марказӣ»-и Ҷамоати шаҳраки «Вахш» ба хотирӣ омодагӣ ба истиқболи санаи муҳими таърихӣ корҳои созандагию азнавсозӣ,  ободкории роҳҳо саҳми Беморхонаи марказӣ бо кумаки ташкилоти ибтидоии ҳизбии МНДРА-и ноҳия таъмир карда шуда, мавриди истифода қарор доданд.

Ҳамчунин беморхонаи марказии ноҳия бо ташаббуси соҳибкорӣ ватанӣ аз нав таъмиру тармим гардида, дар ифтитоҳи он иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Қурбоналӣ Юсупов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов ширкат дошта, ба корҳои сохтмонии иҷрошуда баҳои баланд доданд.

Боиси қайд аст, ки дар арафи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 300 иншоотҳои хурду бузург ба истифода дода мешаванд, саҳми соҳибкори ватанӣ басо бузург аст.

Табибон аз ғамхориҳои давлату Ҳукумат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуданд ва ваъда доданд, ки бо хидматҳои содиқона баҳри ободии ватан саҳми арзанда мегузоранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *