ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУАССИСАҲО

Ҷумъа, 22/11/2019, 19:19

Аҳли маорифи ноҳия бо шукргузорӣ аз ваҳдату ягонагӣ, Истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии диёр, дар фазои сулҳу суботи ҷомеа дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳия бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, хонандагон Рӯзи Парчами миллиро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд.

Хонандагону омӯзгорон ва дастаи ҳаваскорони шуъбаи маориф меҳру муҳаббати худро нисбат ба ватан, муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои он иброз дошта, дар васфи Парчами миллӣ шеъру тарона қироат карда, бо дастагули мусиқӣ табъи ҳозиринро болида гардониданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *