КОНСТИТУТСИЯ БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Дар деҳаи «Ҳосилобод»-и Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳия  бахшида ба 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон бо аҳолӣ вохӯрии судманд баргузор намуданд.
Зимни мулоқот Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Одилҷон Маҳмадов иштирок ва сухаронӣ кард.

Мавсуф зимни суханронии хеш қайд намуд:- Конститутсия, ки дар худ орзуву ормони чандинасраи халқи моро баҳри бунёди ҷомеаи адолатпарвар инъикос намудааст, барои устувории соҳибихтиёрӣ, бунёди давлативу ҳуқуқбунёд, суботи сиёсӣ, таҳкими ғояҳои инсодӯстона дар тафаккури ҷомеа ва шинохти Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ нақши созгору таърихӣ дорад.

Аз ин рӯ, таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди муҳими таърихӣ ба ҳисоб рафта, имконият дод, ки дар мамлакат сулҳу субот пойдор гардад.

А. Солеҳова,

сармуҳаррири рӯзномаи «Нури маърифат»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *