АМАЛИ НОМАТЛУБ ЛОИҚ БА ИҶРО НЕСТ

Сешанбе 5/11/2019-14:11

Дар деҳаи «Қизилсой-2» Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Дар он раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов, қайд кард, ки мақсади ҷамъомад иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати хуб ба роҳ мондани таълиму тарбияи фарзандон, ҷалби духтарон ба мактаб, пешгирии амалҳои номатлуб дар байни занон, ҷавонон, ноболиғон, аз қабили содир намудани ҷиноят, нашъамандӣ, худкушӣ, худсӯзӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ  мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *