ВОКУНИШ

Ҷумъа, 23/01/2026-14:12

Дур аз Ватани гар ба ӯ санг занӣ,

Ҳам нокасу ҳам хоину ҳам аҳриманӣ.

Дарвеши Ватан бош, ки шоҳи ватанӣ,

 Қорунию бе Ватан чу бе пираҳанӣ.

Вақтҳои охир ба мушоҳида мерасад, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои дигари хабарии муосир ҳамватанони ноогоҳу манфиатхоҳ ва бо ном «ватандӯст» пешрафти кишвари азизи моро нодида гирифта, мехоҳанд аз ҳар роҳу восита истифода бурда, ба шуури ҷавонони мо таьсир гузоранд. Сангандозии ба ном «Фарзандони Ватан», ки корашон ҷуз сиёҳ кардани номи Тоҷикистони азизи мо ва халалдор намудани оромию осоиштагии кишварамон мебошад, моро вазифадор мекунад, ки бояд барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ талош варзем. Чунки боварии Пешвои азизамон ба миллати тоҷдори тоҷик хело зиёд мебошад ва мо бояд ба боварии ин фарзона фарзанди миллат сазовор бошем. Мо якдилона ва сарҷаъмона бо Пешвои азизамон Ватанамонро ободу зебо сохтаем ва боз ҳам кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар паҳлӯяш истода, бо бунёдкориву созандагӣ Тоҷикистони азизро ба биҳишти ҳақиқии рӯи замин табдил диҳем. Мо рафтору гуфтори он гурӯҳҳои ҷудоихоҳро бо тамоми ҳастӣ маҳкум менамоем ва намегузорем, ки мақсадҳои нопоки худро амалӣ созанд. Онҳо худ дар давлатҳои бегона паноҳ бурда, ҷавонони ғарибафтодаро фиреб медиҳанд. Онҳо ҳатто фикр наменамоянд, ки худ зархаридон ва гумроҳшудагони хориҷиёнанд. Худованд барои ҳар бандааш ақл додааст, то бо ақли худ кору рафтор намояду сиёҳро аз сафед фарқ кунад. Охир, бегонагон бо ҳар роҳу восита мехоҳанд моро аз чаҳорчӯбаи ҳуввияти миллии хеш берун намуда, қабули мафкураи дигарро дар шуури аҳли ҷомеа, хусусан муҳоҷирони дур аз Ватан ҷой намоянд. Гурӯҳҳои ҷудоихоҳ фикрҳои пучу беасос дошта, чунин ақида доранд, ки гӯё шаҳрвандони Тоҷикистон зери азоби рӯҳӣ қарор дошта бошанд. Онҳо худ, ки ба ин ҳол гирифторанд, дар тафаккурашон ҳамин ақидаю ҳамин фикр давр мезанад. Агар онҳо фикри солиму ақли расо медоштанд, ҳеҷ гоҳ пойбанди занҷири бегонагон намегаштанд. Онҳо худ медонанд, ки ҳама суханонашон ҷуз хаёли хому беасос чизи дигаре нест, аммо аз ночорӣ дигар намедонанд чӣ кор кунанд. Миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ пеши касе сар хам накардааст ва нахоҳад кард. Нафароне, ки мехоҳанд миллати тоҷикро боз сарсону саргардон ва пароканда созанд, худ тоҷик нестанд. Мо дар меҳани азизи худ шоду масрурем ва бо Пешвои худ мефахрем ва меболем. Ба қавли бузургвор Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: «Мо олами меҳрем, ба кас кина надорем», аммо бадхоҳону кинаварзон миллати тоҷики тоҷдори худро амон намедиҳем. Мо намегузорем, ки бадхоҳу бадбине пой ба хоки поки диёри мо гузорад. Ба қавли хирадмандон, пирони барнодили тоҷик: «Шахсе, ки либоси бенамоз ба бар дорад, ба остонаи масҷид ҳак надорад пой монад». Ҷавононе, ки дар ғарибӣ фирефта гаштаед, як бор ба симои Ватани азизамон назар афканед. Боварӣ дорем, ки ҳама фикрҳои ботил аз сари шумо дур хоҳанд шуд.

Шумо дар мулки бегона соҳиби обрӯ намегардед. Кабк дар кӯҳистону хонишаш ба гӯш хуш мерасад. Зери пардаи ислом ба касе зулмро раво набинед, ки ислом зулмро ба касе раво намебинад. Боре чашматонро кушода ба кишварҳои атрофатон назар кунед, он ҷо ки исломро манбаи расидан ба аҳдофи сиёсӣ қарор додаанд, дар ҳоли сӯхтан аст, на сохтан. 

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айбе, ки ҳаст дар мусулмонии мост.

Сироҷиддин Мирзоев,

директори МТМУ№39-и ноҳияи Вахш

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *