Ноҳияи Вахш рӯз то рӯз обод мешаваду бо зебогии хосаашу мардуми башардусташ метавонад, муаррифгар бошад. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш, бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ идома дорад.
Айни ҳол кормандони Муассисаи давлатии роҳҳо таҳти роҳбарии Наҳтулло Олимзода роҳҳои пиёдагарди Ҷамоати шаҳраки Вахш мумфарш менамоянд.
Кормандони корхонаи мазкур дар корҳои ободониву созандагии ноҳияи Вахш саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Аксҳо аз рафти мумфаршкунӣ дар Ҷамоти шаҳраки “Вахш”