Панҷшанбе, 04/05/2023-11:35

Баромади прокурори ноҳияи Вахш,

мушовири адлияи дараҷаи 1

Исмоилзода Салоҳиддин Абдулазиз

Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия дар мавзӯи «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ ва «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»

Вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди батаҷриҷи мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ ҷомеъаи башарӣ гардидааст. Аз ҷумла, дар соли 2001 дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, зиёда аз сад давлати дунё  мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтаст.

Масъалаи мазкур дар Паёми роҳбари давлат аз санаи 26-уми декабри соли 2018 таҷассуми худро ёфт, ки ин худ ифодагари ба масъалаи ҳассос табдил ёфтани мубориза ба муқобили ҷараёнҳои ифротгароӣ ва террористиро дар ҷаҳон нишон медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигари минтақа таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд. Таҳдидҳои террористӣ шаклу усулҳои тозаро касб карда, ҷуѓрофиё ва доманаи онҳо васеъ гардида, тарзҳои содир намудани ҳамлаҳои террористӣ ва ҳадафҳои онҳо таѓйирёбандаанд.

Чихеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар суханрониҳои худ қайд менамоянд,      ТЕРРОРИСТ – ВАТАН, МИЛЛАТ, ДИН ВА МАЗҲАБ НАДОРАД!

Бо мақсади муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ба тасвиб расида, Нақшаи амал оид ба амалисозии он тасдиқ карда шудааст.

Стратегияи мазкур мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шуда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 зикр гардидаанд, мутобиқ ба иқдомоти Тоҷикистон доир ба амалисозии Стратегияи глобалии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст.

        Роҳбари давлат дар баромади худ қайд намуда буданд, ки «фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф, пеш аз ҳама  ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ зарур аст, зеро амният ва субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб меравад.

Аз ин ҷост, ки ҳоло таъмини амният дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад. Хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус, вазъи Афғонистони ҳамсоя моро водор месозанд, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем.

Вазъи имрӯзаи сарҳад бо Афғонистон низ моро водор менамояд, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Зеро созмонҳои экстремистию террористӣ ҷиҳати ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон, аз ҷумла тавассути ҷустуҷӯи аъзои нав бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти густурдаи ташвиқотию тарѓиботӣ мебаранд.

Масъалаи пешгирии терроризм ва ифротгароӣ, масъалаи мубрами рӯз ва  доѓи имрӯзаи сайёра ва  аз проблемаҳои ҷаҳонист ва бесабаб нест, ки Пешвои муаззами миллат ба пешгирии ин раванди барои ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва тамаддуни башарият басо хатарнок пайваста пайгирӣ менамояд.

Мо даҳшати ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки душманони миллати тоҷик ба сари мо таҳмил карда буданд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва бо итминон изҳор медорем, ки мардуми мо дигар ба доми фиреби душманону бадхоҳони миллат, ки то ҳанӯз аз ҳадафҳои ғаразноки худ даст накашидаанд, гирифтор намешаванд.

Аз ин рӯ, мо ҳамеша ҷонибдори сулҳ дар саросари ҷаҳон ҳастем ва хоҳонем, ки тамоми мухолифату низоъҳо, дар кадом минтақа ё кишваре, ки набошанд, танҳо бо роҳҳои осоишта ва музокирот ҳаллу фасл карда шаванд.

Ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳанӯз дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ дар асоси усули муносибатҳои баробарӣ ва дӯстӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон муайян ва поягузорӣ гардида буд, боқӣ мемонад».

Дар ҳақиқат Роҳбари давлат бори дигар сиёсати инсондӯстона ва бародаронаи кишварамонро бо кишварҳои ҳамшафат ироа доштанд. Пешвои муаззами миллат дар ин росто ба тарбияи ватандӯстии аҳолӣ ва хосатан тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонони кишвар дар роҳи муҳофизати ватанамон гуфта гузашт.

Ҷавонони кишвар, ки қишри асосии ҷомеъаи Тоҷикистони азизро ташкил менамоянд  шоҳсутуни асосии ҳифзу амнияти кишвар маҳсуб меёбанд ва дар ин асос дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ ва ҷанги иттилоотии байналмилалӣ ба мо зарур аст, ки аз ҳарвақта зиёдтар ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ диққати ҷиддӣ диҳем ва барои ҳифзи марзу буми кишварамон доимо тайёр ва дар ҳолати омодабош қарор дошта бошем.

Дар ин асос барои пешгирии ҳар гуна иттилоотҳои ифротӣ бояд зиракии сиёсӣ ва ҳуқуқиро аз даст надода, пайваста барои баланд бардоштани дониши худ дар ин самтҳо кӯшиш намоем. Дар ин роҳ тамоми аҳлӣ ҷомеъа, волидайн, бахусус кормандони соҳаи маориф, омӯзгорону кадрҳои гуногуни педагогӣ дар тарбияи инсони созанда ва вафодор барои ҷомеъа ва ватани маҳбуб саҳмгузории бузург карда метавонанд.

Ҳамагон бояд дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори хеш намуда, баҳри боло бурдани нерӯи зеҳнӣ ва солимии худ баҳри ҳимояву амнияти ватани азиз дар мубориза ба муқобили афкору андешаи ифротгароӣ ва терористӣ тамоми чораҳоро андешанд.

Президенти мамлакат дар Паёми навбатии худ қайд карданд, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.

Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур шумориданд, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.

Дар робита ба ин, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур донистанд, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад.

Чихеле, ки дар Паёми навбатии Президенти кишвар ироа гардид, Тоҷикистон дар оянда низ дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи байналмилалӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва рафъи оқибатҳои он саҳми босазо хоҳад дошт.

Мардуми шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯсти мо аз ӯҳдаи иҷрои ҳама гуна амалҳои нек ва бартараф намудани тамоми мушкилот мебароянд, Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонанд.

Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.

Илова бар ин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *