Душанбе, 22/02/2021-14:05
Мо аҳли уламо шукронаи тинҷиву амонии давлати биҳиштосоямон мекунем, ки дар зери Парчами сулҳу субот, ваҳдатофари кишвари ягонаамон зиндагӣ менамоем. Шукронаи марди оқилу доно хирадманду саховатпеша, ки имрȳз давлату миллати тоҷикро беш аз 190-давлати дунё мешиносад ва хоҳони онанд, ки аз обҳои мусаффояш, аз кȳҳҳои сар ба фалак, аз гиёҳҳои дармонбахшаш дидан намоянд. Истиклолият хандаи беғаши кȳдакон, шодии модарон, фазои софу бегубори Тоҷикистони азиз мебошад. Истиқлолият ба осонӣ ба даст наомадааст. Саҳифаи таърихи 29-30 соларо варақгардон намоем. Басо таъсирбахшу нобахшиданист, ҳазорҳо ҷавонони бегуноҳ, ҳазорон кȳдакони ятим модарони фарзандгумкарда, ки то ҳоло чашм ба роҳи фарзанд нигарон аст, ҳазорҳои хонаи валангар, оилаҳое зиндаҷудо ба як овардани он лаҳзаҳои мудҳиш вуҷуди ҳар фарди ватандȳстро ба ларза меорад. Ҳатто лаҳзаҳое буд, ки тарсу ваҳм аз хона сар берун карда наметавонистем. Тарсу ваҳм мардумро фаро гирифта буд…
Пас чаро мо шукрона накунем?
Пас чаро мо ба қадри меҳнату заҳматхои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқу миллати хеш ҷони худро дареғ надошта, шабу рȳз дар ободу тинҷӣ, сулҳу субот заҳмат намудааст, нарасем?
Ҳодисае, ки 17 феврали соли 2021 дар шаҳри Соест-и Олмон бо иштироки чанд тан аз аъзоёни гуруҳи ТЭТ ҲНИ рух дод, мо аҳли уламоро бетараф гузошта наметавонад. Ин ашхос нафароне ҳастанд, ба сад умеду орзу дар оғȳши Тоҷикистони азиз, ки онро биҳишт меноманд, ба воя расидаанд. Аз соддагӣ ва гумроҳии худ ба гуруҳҳои террористи шомил шуда, байни ҳам муноқишаи лафзӣ, дашномҳои қабеҳ тариқи шабакаи иҷтимоӣ карда, ба задухурд ба анҷом расониданд. Ин гуруҳҳаки ҷавонони гумроҳ дар хориҷа даст ба амалҳои номатлуб зада, номи Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ доғдор карданд. Аммо нохалафон боре андеша накарданд, ки ҳар кореро оғозу анҷоме ҳаст.
Саволе ба миён меояд, ки кист ҷавонони тоҷикро ба чунин гумроҳиву разолат мебарад?
Чаро дар хориҷа даст ба ҳар гуна амалҳои номатлуб зада, шаъну шарафи тоҷику Тоҷикистон дар байни дигар халқиятҳо паст мезананд?
Агар чунин ашхоси худро тоҷику тоҷикистонӣ донад, набояд даст ба чунин амал мезад. Зеро онҳо нангу номус, имону виждони хешро ба пул фурȳхтаанду нангу номуси ватандорӣ дар вуҷудашон нест. Аз ин бармеояд, ки мақсаду мароми онҳо рехтани шаъну шарафи Тоҷикистон дар байни дигар халқиятҳо мебошад. Мо-аҳли уламои ноҳияи Вахш аз волидайн хоҳиш менамоем, ки дар таълиму тарбияи фарзандон ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд. Фарзандонро дар руҳияи ватандȳстиву хештаншиносӣ тарбия намуда, ба роҳи рост ҳидоят созанд.
Қурбонназар Давлатов,
сархатиби ноҳияи Вахш