Душанбе, 15/02/2021-11:00
Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Лелин»-и Ҷамоати шаҳраки Киров вохӯрии гурȳҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба нуктаҳои Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, иброз доштанд, ки арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин, аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад. Мо ба хотири ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, таъмиру нигоҳдории онҳо хеле корҳои созандаро оғоз кардаем, ки тавассути созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мероси моддӣ ва ғайримоддии кишварамонро ба аҳли олам ҳарчи бештар муаррифӣ намоем.