АЗ МАҶЛИСИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯ

 Душанбе, 15/02/2021-10:45

Имрўз дар  толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия баргузор гардид, ки дар он фаъолияти тамоми сохторҳои хоҷагии халқи ноҳия аз ҷониби раиси ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси ноҳия Қурбоналӣ Юсупов, аз масъалаи муқовимат бо коррупсия дар сохторҳои мақомоти давлатӣ ва дигар идораву ташкилотҳо ҳангоми иҷрои вазифавӣ мавриди гуфтугў дод. Раиси ноҳия зимни суханронии хеш аз ин зуҳуроти номатлуб сухан карда, изҳори боварӣ намуд, ки дар раванди корҳои ҳамарўза бар зидди ин зуҳурот муборизаи ҷиддӣ бурдан лозим. Зеро муносибати нохуб дар ин ё он самт метавонад боиси сар задании нохўшиҳо дар ба амал омадани кирдорҳои коррупсионӣ шуданаш мумкин аст. Муқовимат бо коррупсия ин вазифаи на фақат Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва дигар мақомотҳои қудратӣ аст, балки ҳар як шаҳрванд ва тамоми ҷомеа мебояд бар зидди ин зуҳуроти номатлубу бегона ба ҷамъияти мо муқовимат нишон диҳад.

Таъмини иҷроиши қисми даромади буҷети ноҳия, пардохти сари вақтии музди меҳнат, нафақа яке аз масъалаҳои муҳими кори ҳамарўзаи ҳар як роҳбари ташкилоту идора ва ҷамоату дигар кормандони соҳа буда, барои ҳалли онҳо тадбирҳои муҳим андешидан лозим меояд,-иброз дошт раиси ноҳия Қурбоналӣ Юсупов.

Ба низом даровардани кори соҳаи фарҳанг, махсусан дарёфти кадрҳои соҳибтахассус ва ҷорӣ намудани кори бонизоми клубу китобхонаҳо, ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ, ҷалби бештари хонандагон ба китобхонӣ, дўст доштани ватани хеш, ободониву сарсабзии ин диёри маҳбубамон мебошад.

Кор бо оилаҳои ҷавон, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо байни ҷавонону наврасон низ  яке аз масъалаҳои рўзмаррае буданд, ки раиси ноҳия ба он таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба масъулин дастур ва супориш доданд, ки дар ин масъала тадбирҳои судманд андешанд.

Доир ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» гузаронидани суҳбату вохўриҳо бо падару модарон, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии ҳаргуна бемориҳои сироятӣ ҳам дар байни аҳолӣ ва ҳам дар байни чорво, назоратӣ ба фурўш набаровардани маҳсулотҳои пастсифат, аз ҳоли тандурустии мардум тез-тез хабар гирифтани духтурони тибби оилавӣ аз  он  масъалаҳое буданд, ки раиси ноҳия дар маҷлиси назоратӣ мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Дар раванди иҷрои  ин норасогиҳо чораҳои лозима андешида, дар маъракаи ободонию хуррамгардони маркази ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро вусъат дода, шинонидани  ва гулу гулбуттаҳоро тезонанд. 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *