Паём-такондиҳандаи масири рушди бахшҳои гуногуни ҷомеа ва давлат

Душанбе,  15/02/2021-10:35

Ҳакиқатан Паём, сухани самимии Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Паёми навбатии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  ки санаи  26 январи 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ироа гардид,  ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинохта шуда, ифодакунандаи нуқтаи назари Пешвои миллат  ба рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ мегардад. Воқеан, Паём муҳимтарин барномаи дорои  хусусияти  созанда  ва  сафарбаркунанда  буда,  оғози  ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ  дар он ифода меёбад. Ҳамин аст, ки сокинони  мамлакат  Паёми   ҳарсолаи Пешвои миллатро бесаброна  интизори  кашида,  онро  бо як завқи баланди миллӣ тамошо менамоянд. Дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат ҳамаи самтҳои фаъолияти кишварамон натиҷагири гардида, нақшаҳо барои фаъолияти минбаъда тарҳрезӣ шуданд. Воқеан соли 2020 барои сокинони  сайёра ниҳоят соли вазнин  буд ва бо чораандешии хирадмандонаи Пешвои миллат, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки ин мушкилии глобалиро паси сар намояд. Новабаста аз вазъияти ба амал омада барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ аз 1–уми сентябри соли 2020 нафақа,  музди  меҳнати  кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва  стипендияҳо 15 фоиз,  маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд гардида, нафақаи гурӯҳи маъюбоне, ки ба нигоҳубин ниёз доранд, 50 фоиз зиёд карда шуд, ки далолат аз ғамхории пайвастаи Ҳукумати мамлакат арзёбӣ  мегардад.

Яке аз соҳаҳои муҳими давлат, ки ҳамеша  зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор  дорад,  соҳаи илму маориф мебошад. Дар Паёми имсолаи  Президенти мамлакат дарҷ гардид, ки «Соли гузашта дар кишвар  157 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои  63000  ҷойи  нашаст бунё два ба истифода супорида шуданд», ки тақвияти гуфтаҳои болост.

Дар паи чораандешиҳои зиёд ва ташабусҳои пайвастаи Роҳбари давлат сатҳу сифати  таълим дар ҳамаи  зинаҳои таҳсилот сол то сол боло рафта истодааст. Татбиқи ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кашфи чеҳраҳои  нав дар соҳаи илм замимаи мусоидро фароҳам овард. Эълон  гардидани  солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ» дар соҳаи илму маориф, «Фўруғи субҳи доноӣ  китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»  ҷавонони дорои истеъдодҳои нодирро муаррифӣ ва шавқи онҳоро ба илмомўзи зиёда гардонид. Инчунин  ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон татбиқи  ҳамасолаи  озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат»  яке аз нуқтаҳои муҳими Паёми имсолаи  Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии давлат ба ҳисоб меравад.  

Бинобар ин сокинони кишвар алал хусус ҷавононро месазад, ки ташаббусҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори хеш намуда, баҳри баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии худ ҳамеша талош варзанд, ватандӯсту ватанпарвар бошанд,  зиракии сиёсиро аз даст надода, ба даъвову буҳтонҳои  беасоси  ватанфўрушон дода нашаванд ва бо азму иродаи қави дар пешрафту  гулгуншукуфоии Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.

Худойдод Ёров,

Мудири Шўъбаи  кор  бо ҷавонони

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *