Паёми Президенти мамлакат муждаи пирўзии миллат

Душанбе, 15/02/2021-10-:32

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назар ба дигар паёмҳо ба кули фарқ дошт. Зеро ба Парлумони мамлакат паёми тозаи нусратофарин ва ояндаафрўз буда, муждаи пирўзии миллат дар тамоми соҳаҳои иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ба шумор мерафт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии кишвар  ба хотири рушди истеҳсолоти ватанӣ дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ пешниҳод гардид, ки тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шуданд. Ин ҳама аз сиёсатӣ хирадмандонаи Сарвари мамлакат мебошад, ки барои рушди истеҳсолот дар соҳаи кишоварзӣ ва бо маводи озуқаворӣ таъмин намудани аҳолӣ нигаронида шуда буд.

Рушди истеҳсолоти дохили кишвар нисбат ба солҳои гузашта сол то сол меафзояд, ки ин боиси хушнуди соҳаи кишоварзӣ мебошад. Беш аз 300 корхона ва коргоҳои саноатӣ ба истифода додашуда, 193 ҳазор ҷойҳои кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шудаанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама сола ба маъюбону бепарасторони кишвар ғамхори менамоянд ва дар паёми хеш иброз доштанд, ки нафақаи кўдакони маъюби то 18-сола, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин шудааст, ба андозаи 20%(фоиз), инчунин нафақаи маъюбони гурўҳҳи якум, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаи суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин гардидааст ба андозаи 50%(фоиз) баланд бардошта шавад. Ин меҳрубони ва ғамхории сарвари давлат нисбат ба маъюбону бепарасторон мебошад.

Рустамбекова Малоҳат

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи

Вахш аз ҳавзаи интихоботии №8                      

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *