Сешанбе, 02/02/2021-14:16
Ҷумхурии Тоҷикистон дар зарфи 30-соли Истиқлолият ба комёбихо ноил гардида, мардуми тољик дар фазои сулњу дӯстӣ хаёт ба сар бурда истодаанд.
Таърих исбот намудааст, ки давлатҳое, ки садсолаҳо пеш низоми демократии давлатдориро пеш гирифта буданд ба авҷи тараққиёт расиданд.
Вале мутаасифона ҷосусони фаъоли хориҷӣ, ки дар зери ливои Ислом режими сиёсӣ ва андешаҳои худро дар саросари олам амалӣ менамоянд, тавонистанд бархе аз ҳамватанони бойгарипарасти моро дар мисоли имрӯза наҳзатиёни ифротгаро ба сӯи хеш чалб намуда, гуломи худ созанд.
Аз ҳамин нуктаи назар пеш роҳи рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёт гирифта шуда, оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга зад. Миллати тоҷик зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли 5-сол бо заҳматҳои зиёд ба ваӯдат расиданд.
Маҳз аз соли 1997 миллати мо рӯ ба пешравӣ ниҳода, то ба ин рӯзи нек расид. Бо вуҷуди ин роҳгумзадагоне чун наҳзатиёни ифротгаро ҳанӯз дар домони давлатҳои пешрафтаи демократӣ номуси миллии хешро поймол намуда, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зери танқид қарор медиҳанд. Бо вуҷуди оне, ки кулли мардуми Тоҷикистон медонанд, ки наҳзатиён фурухташудаи сиёсати давлатҳои исломӣ ҳастанд.
Хотироти мардум, намоиши филмҳои ҳуҷҷатии «Хиёнат», «Бешарафӣ» имрӯз бори дигар исбот менамоянд, ки ватанфурӯшоне чун Иқболи Садриддин бо он ҳама, расвогиҳои содиркардаашон ба ҷои пуштибони давлати имрӯзаи Тоҷикистон будан, душмани имрӯзаи давлати Тоҷикистон шуда, тариқи воситаҳои ахбори омма мехоҳанд дар зери ниқоби дини поки Ислом ҷавонони моро ба бешарафи роҳнамун сохта, ҳокимиятро ба даст оранд. Сарнавишт нишон медиҳад, ки хоиноне чун Иқболи Садриддин ва ҷонибдорони онҳо ҳеҷ гоҳ наметавонанд пуштибони ҷамъият ё халқу миллат бошанд.
Ҷавонони моро зарур аст, ки ҳеҷ гоҳ ба суханҳои пучи чунин афрод гӯш надода, дар фикри ободии Ватан ва оилаи хеш бошанд.
Воқеаҳои хунини солҳои 1992-1997 бояд барои ҷавонони мо дарси ибрат бошад.
Таърихи миллати хешро биомӯз, даъвати ҳар гуна ҳизбу ҳаракати ифротиро напазир. Дар фикри ободии диёри худ ва оилаи хул бош, ҷавонии хешро ба бандагии хоинон сипарӣ накун ҳамватани азиз.
Баҳром Одинаев
Аъзои ҲХДТ
мудири Шўъбаи рўзномаи Вахш