Парда аз рўи Беиқболи Садриддин бардошта шуд

Сешанбе, 02/02/2021-14:03

Вақте  маводҳои  сомонаҳои интернетиро мутолиа мекунед,  боре  аз  мақсаду  ҳадафи  соҳибони   саҳифа ба қавле (Блогерон)  андешидаед? Оё фикр  мекунед, ки  шахсе ба зарари худ ба манофеи ҷомеа фаъолият мекунаду вақти  худро  баҳри мо беҳуда масраф менамояд? Албатта не, пас ҳар истифода барандаи сомонаҳои интернетӣ махсусан ҷавонони Тоҷикистони азиз, бояд зираку  таҳлилгар бошанд. Бо пахши маводҳои сомонаи иғвоангези  ISLOH TV  маълумаст, ки  Муҳаммадиқболи  Садриддин яке аз чунин шахсонест, ки  мехоҳад  бо пахши маводҳои буҳтонангезаш нисбати роҳбарияти  давлат,   диққатро ба худ ҷалб намояд ва худро ҳамчун некхоҳи мардум нишон диҳад. Албатта мавзуҳои  диққатҷалбкунанда   нишон гирифтан ба одамонест, ки онҳо  тавонистаанд  соҳибобрӯ дар ҷомеа гарданд. Беҳуда нагуфтаанд «Онҳое, ки аз мо бадтаранд  дар пайи онанд, ки неше ба ҳастиям бизананд, беҳтаринҳо  барои мо вақт надоранд, то бишинанду нақшаҳо тарҳрезӣ кунанд». Муҳаммадиқболи  Садриддин як ноҷавонмардест, ки кораш  мисли занони лаби об танҳо  ғайбату туҳмат нисбати Роҳбари давлат   ва аҳлу оилааш мебошад. Мехоҳад аз ҳар ҳодисаи дар мамлакат ба амал омада «фил»  созад  ва ба ҳамаи ин роҳбари кишварро гунаҳгор созад. Ҳар истифода барандаи шабакаҳои интернетӣ метавонад  баръало мушоҳида кунад, ки Беиқболи Садриддин дар  барномаҳояш  танҳо танқиду буҳтон мезанаду халос. Оё ягон маротиба аз дастовардҳои давлату ҳукумати мамлакат  сухане гуфтааст  албатта, ки не зеро чашми ҳасудаш инро дида наметавонад. Бо тамошои  як наворе дар саҳифаи интернетии  You  Tube бо навишти «Ки будани Муҳаммадиқболи Садриддин фош шуд»  дарк кардам, ки ин нафар ки будаасту аз куҷо омадааст. Дар  навор  маълум мегардад, ки Беиқболи Садриддин  лаҳзаҳои наврасӣ ва ҷавониашро дар Ҷумҳурии Исломии Авғонистон бо ливота (бачабозӣ) паси сар намуда,  имрўз худро ба оғӯши ҳаммаслаконаш дар   Фаронса партофта мехоҳад аз демократия истифода  кунад, вале мардуми шарафманди Тоҷикистони биҳитосо  аз он демократияе, ки Беиқбол  ва ҳаммаслаконаш  мехоҳанд, аз замин то осмон безоранд. Буҳтонҳое, ки дар барномаҳояш  нисбати Пешвои миллат ҳарф мезанад ва далелҳои бофтаашро низ меоварад наметавонад, ки хизматҳои шабонарӯзии ин фарзанди фарзона ва сарсупурдаи миллатро иваз намояд. Алалхусус мо ҷавонон  ҳеҷ гоҳ ба гуфтаҳои ин ватанфурӯшону  зархаридони хоҷагони хориҷӣ гӯш надода, ҳамеша кӯшиш бар он медиҳем, ки мисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлату миллати худ содиқ бимонем ва баҳри пешрафту гулгуншукуфоии он  саҳми арзандаи худро гузорем.

 Алиҷони  Усмон, сокини ноҳияи Вахш, сарсупурдаи Ватан                

                      

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *