Шанбе, 22/08/2020-08:38
Як рӯз аз ин дори фано мегузарам ман,
Чун абри парешони само мегузарам ман.
Шӯридаву ранҷидаву болидаву масрур,
Аз боғи ҷаҳон ҳамчу сабо мегузарам ман.
Моз-они заминем, замин оқибати мост,
Дар рафтани ҷон бо чӣ наво мегузарам ман.
Боғу чаману гулшану ин оби равонро,
Мерос бимонам ба шумо мегузарам ман.
Ҳайфо, ки кас озурдаму аз кас дида озор,
Бо ин ҳама нуқсону хато мегузарам ман.
Молу зару зан, макри ҳамин олами дун буд,
Бо дасти тиҳӣ ҳамчу гадо мегузарам ман.
Акрам, ту биё бимон дар варақи хеш,
Саф ҳайф, ки бечуну чаро мегузарам ман.