Дуруғи навбатии М .Салимпур

Душанбе, 24/08/2020-13:35

Дар  замони  муосир  хабар (информатсия)  яке  аз  самтҳои  асосии  ҷалби инсонҳо ба  саҳифаву  гурӯҳҳои  алоҳида ба шумор меравад ва ҳар паҳнкунандаи хабаре  мехоҳад  аввалиншуда  ҳар ҳодисаеро  зуд нашр ва паҳн намояд ва ба ин васила сафи муштариёни худро зиёд гардонад.  Барои     гурӯҳҳои ифротгаро бошад ҷиҳати тафриқаандозиву бедор намудани ҳисси нобоварӣ нисбат ба мақомотҳои давлатӣ ва ба ин васила барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ, дурустии  маълумот ҳеҷ аҳмияте надорад. Барои онҳо  муҳим он аст,  ки    манфиат ба даст оваранду халос. Мушоҳидаҳо  нишон   медиҳанд,  ки баъзе паҳнкунандаҳои хабару маълумотҳо  танҳо дар паи ҷустуҷӯи  камбудию  норасоиҳо  ва танқиду  барангехтани  кинаю  адоват ҳастанд ва бо ин васила дар бархурди иттилоотӣ ноҷавонмардона ширкат меварзанд. Сомонаи ифротбарангези “Ахбор.ком”-и М.Салимпур бо нашр кардани хабару овозаҳои бардурӯғу беасос ном баровардааст. Чандин маротиба мақолаву хабарҳои бардурӯғу беасоси  пахш намудаи шабакаи иғвоангези  “Ахбор.ком” ифшо гардидаву мавриди ҳазлу шухиҳои хонандагон гардидааст. Масалан нафаронеро, ки аз фавташон 5-10 сол гузашта буд,   М.Салимпур сабаби маргашонро бемории сироятии ковид-19 арзёбӣ намуда, гуё як ё ду рўз қабл фавтида бошанд.

Ҳамин тариқ М.Салимпур аз рўи таҷрибаи бойи андӯхтааш дар самти дурўғгӯиву туҳматзанӣ дар сомонаи дурӯғгӯи “Ахбор.ком”  мақолаи  бо номи «РАИСИ СУДИ  ВАХШ  БО  МОШИНАШ  ЯК  ВЕЛОСИПЕДРОНИ  НАВРАСРО ПАХШ КАРДААСТ»-ро ба табъ расонидааст. Дар мақолаи хабарии мазкур гӯё раиси Суди ноҳияи Вахш Муминзода Ҳасан Камол бар асари бо суръати баланд ҳаракат кардани автомашинааш навраси велосипедронро пахш карда, ҷабрдида дар ҳолати вазнин дар бемористон  бистарӣ гардонида шуда бошад. Хабари мазкури дар сомонаи “Ахбор.ком”  пахш гардида        аз дурӯғҳои беасоси навбатии  М.Салимпур аст, ки мо бори дигар итминон пайдо кардем, ки  иғвогариву туҳматзанӣ   асоси фаъолияти ў мебошад. Ҳақикати воқеъӣ он аст, ки аз рўи гувоҳии шоҳидон ва наздикони ҷабрдида ҳодисаи мазкур аз ҷониби бародари калони Муминзода Ҳасан Камол,  Муминов Ҷамолиддин  рух додааст. Қазияи мазкур дар паи тадқиқи мунсифона  ва маълумоти дақиқи муфаттиши Прократураи вилояти Хатлон  Миров  Р низ  маълум гардид, ки сабабгори садама  раиси Суд яъне Муминзода Ҳасан Камол набуда,  балки  бародари калонии вай Ҷамолиддин Муминов  ба садама дучор гардидааст. Ҳақиқати қазияи мазкур бори дигар симои аслии М.Салимпурро ифшо намуда, дурӯғгӯиву туҳматбофии ўро бозгў кард.

Худойдод Ёров сокини ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *