ХИЁНАТ БА ВАТАН КӮРНАМАКИСТ

Ҷумъа, 19/06/2020-15:50

Дар  марҳилаи такдирсози таърихӣ, ки халқи шарифи Тоҷикистон дар арафаи таҷлили 23-умин солгарди Ваҳдати миллиро ҷашн мегиранд, ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ машғул мебошанд. Мутаассифона як гурӯҳ иғвогарон ва манфиатҷӯён аз ҷумла зархаридони хориҷӣ ба монанди Мирзои Салимпур,  мехоҳад ба раванди созандагиву ободкории халқи шарифи тоҷик монеа эҷод кунад, халқро ба гумроҳӣ барад.

Дар ин ҷода аъзоёни ҳизби экстремистиву террористии наҳзати исломӣ бо пайравону думликонаш ҳаракатҳои хоинонаи худро ҳоло ҳам идома дода истодаанд. Аммо аз инҳо ҳам бадтар, на танҳо хиёнат халқу миллату ватан, балки мазҳаби аҷдодии худро ҳам фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул кардаанд.

Имрўз мардуми тоҷик ба зархаридоне чун Мирзои Салимпур ва хоҷагони хориҷии онҳо, ки ба арзишҳои маънавиву илмӣ ва рушанфикрони миллати тоҷик зарбаҳои ҷонкоҳ зада, ба миллати хеш хиёнат карданд,  лаънату нафратҳо мехонданд. Бояд гуфт, ки ин гуна чоплусон, ки ба миллати хеш, арзишҳои миллӣ, дину расму оини худ баҳри молу чиз хиёнат кардаанд ҳеҷ гоҳ бахшида намешаванд.

Боиси хушнудист, ки  имрӯз  Тоҷикистони азиз дар фазои сулҳу субот қарор дорад, дорои қудрату нерўи бузургест, ки ҳамагуна ифротиҳо, тундгароиву террористон ва дигар ашхоси хиёнаткорро шикаста пора созад.

Ин ҳол боиси норозигӣ ва баланд гардидани сару садоҳо аз ҷониби сарпарастону хоҷагони хориҷии онҳо аз кишварҳои «демократӣ» гардид, ки онҳо бо ҳар васила хостанд ба сохторҳои давлатии мо фишор оварда, онҳоро ба нақзи «арзишҳои демократӣ» гунаҳкор созанд.

Мардуми шарифи тоҷик ва миллати сулҳпарвар тавонистанд, ки тавассути филми мустанади “Хиёнат” тамоми фикру ғаразҳои бадхоҳонаи Мирзои Салимпур огоҳ шуданд. Хиёнатҳои нобахшидании ин разили бадхоҳро тавассути синамо ба мардум расонад, мо тоҷикон донанд, ки “ҳамватан”-и фурӯхташудаи онҳо (албатта дар нохунак) дар мулки бегона ба чи корҳо машғул аст. Ҳайф, сад ҳайф, ки Салимпул аз тоҷик буданат ҳайфам меояд. Дигар ҳатто намехоҳам номи ҳароматро ба забон орам. Чунки ту ҳаромӣ, хиёнаткор, разили фурӯхташудаӣ.

Лекин хоини миллати тоҷик ва хоҷагони хориҷиаш  фаромӯш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои навадуми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намоянд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад.

Ҳар қадар дар ҷомеа барои одамон озодиҳои демократӣ муҳайё шавад сатҳи муайяни шуурнокии сиёсӣ инкишоф ёфта,  доираи ҳуқуқу озодиҳои онҳо зиёд мегардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитҳоро  барои рушди ҳамаи гурўҳҳои иҷтимоӣ муҳайё намудааст, ки аз ин мо шаҳрвандон бояд шукрона намоем. Ҷаҳони муосир пуртазод аст, ки он манотиқи гуногуни оламро фаро гирифтааст, лекин шукрона кишвари азизи мо таҳти роҳбарии Пешвои миллат аз рўзҳои аввали истиқлолият худшиносиву худогоҳиро дар мадди аввал гузошт. Мардумро ба якдигарфаҳмӣ, ягонагӣ ва сулҳи устувор даъват намуд. Ҷомеаи имрўзаи мо бо суботи комили сиёсӣ пеш рафта истодааст  ва онро тамоми қишрҳои ҷомеа бояд дастгирӣ намуда, тамоми ҳастии худро барои рушди кишвари азиз сафарбар намоянд.

Оқибатҳои фалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар боиси талафоти даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳ гардида буд. Саркардагони ҷанги шаҳрвандӣ бо ташаббуси ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати ислом ва сарпарастии хоҷагони хориҷиашон аз масҷидҳои ҳамонвақта оғоз гардида буд. Дигар ҷомеаи ватандўсти кишвар намехоҳад, ба суханпардозиҳои беасос гўш диҳад, ҳадафи мо бо фарҳангу маърифати баланди ватандўстӣ баҳри гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз кору амал намудан асту бас.

Мардуми азияткашидаи Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ аз ёд набаровардааст, он рӯзҳои сангине, ки паси сар карданд. Мо дигар он халқи парешон нестем, ки ба фиребу найранг ва дасисаҳои Мирзои Салимпул бовар созем. Он тире, ки аз камони шумо ҷаҳид, ба хок бархӯрд. Ту дигар ҳуқуқи аз номи халқи тоҷик гап заданро надорӣ. Бигзор, ки мо-тоҷикон нон дар он тар карда хӯрем, дарду ранҷ кашем, ба додаи Худованд шукрона мекунем. Вақте, ки ба Яздон боварӣ дорем, ҳеҷ гаҳ чун шумо-хоинон хору залил нестем. Чунки мо дар шодию нишот ғаму андӯҳ дар паҳлӯи ҳамем. Ҳайфи ту барин хоин, ки ҳатто дар мурдаи падару модар, наздикону пайвандон ширкат карда наметавонед, куҷо лофи ҷавонмардӣ мезанед.

Обу ҳавои Тоҷикистони азиз, барои ту барин фарзанди нохалаф, ки дар оғӯши ин ватани биҳиштосо ба воя расида, имрӯз ба он хиёнат кардӣ ҳаром аст!

Дигар роҳи бозгашт надорӣ, гадо будӣ, гадо мемонӣ!

Ба хотири чор танга ҳаром ватанфурӯшӣ мекуни, ҳайфатон бод!

Ту дар камар миёнбанд надорӣ, баръакс ба сар рӯймол бандӣ, хубтар мешуд. Чунки ту худро намешиносӣ, аз куҷо Худоро мешиносӣ!

Нозу неъматҳои додаи Худовандро шукрона накарда, фирефтаи пули ҳароми хориҷиён гаштаӣ!

Ҳайфатон бод, сад ҳайф, ки ҳар зарра хоки ватанро ҳаром кардӣ. Беномусу хоини наҳзатӣ, ҳаром мӯрӣ носипоси лаин!…

Гулшани Сипеҳр

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *