Офтобро бо доман пушонида намешавад!!!

Ҷумъа, 19/06/2020-15:53

Бо  тамошои  филми  ҳуҷҷатии   «Хиёнат»  бори  дигар  метавон аз касифӣ,  ноодамӣ,   зархаридӣ,  ватанфурушӣ, бевиҷдониву хиёнаткории  бархе  аз  шахсони манфур огоҳи пайдо намудем. Ба чунин ашхоси палид, ки  баҳри пулу мол  ва сарват  аз  тамоми  муқаддасот  ва  ҳатто  аз инсонгари руй гардонидаву  баҳри пиёда сохтани  ҳадафҳои хоҷагонашон  талош намуда   истодаанд  дохил мешавад.  Муҳиддин Кабирӣ   ва  ҳам маслаконаш,  ки   бо ҳазорон дасисаву  иғвоангези чеҳраи манфури худро ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон  борҳо нишон  додаву   имрӯз  мехоҳад  бо  иваз  намудани  номи  ТТЭ  ҲНИ ба Паймони миллии Тоҷикистон   тамоми хиёнату амалҳои  ноҷавонмардонаи худро пӯшонаду  худро   ҳамчун   некхоҳи  мардум  нишон диҳанд, вале  ҳанӯз аз  ёди мардум он рӯзҳои   вазнину мудҳиш зудуда нашудааст. Маҳз бо иғвоангезиву    дасисаҳои  ин  афроди  зархарид  буд, ки  дар  натиҷаи ҷанги бародаркӯш  ҷони 150  ҳазор   ҷавонмардон  рабудашуда, зиёда аз 55 ҳазор кӯдакон ятим монданд. Бо дарки амиқи ниятҳои  эшон мардуми  тамаддунофару   сулҳпарвари  тоҷик  бо  ҷонбозию  ҷонфидоии фарзандони  фарзонааш   нақшаҳои  нопоки ин афродро зуд пайбурда, тавонистаанд  бо  мутаҳиддӣ  ва якдиливу  ҳамдигарбахши  соҳиби беҳтарин  неъмат Ваҳдати миллӣ  гарданд. Имрӯз бо ба даст овардани  ин  неъмат  давлату миллати тоҷик ба  натиҷаҳои   назарраси давлатдорӣ  ноил   шуда,  сатҳу сифати зиндагии мардум рӯз то рӯз беҳтар мегардад. Вале  чашми  ҳасудон,  душманон,  бадхоҳони  давлату миллат инро дида  натавониста,  боз  меҳоҳанд  бо  ҳар  роҳу  васила  бар сари мардум зулму ситам, қатлу куштор ва даҳшатро  биоранду  бар ивази  луқмаи    аз  хоҷагонашон  гирифта,  ҳадафҳои онҳоро амали созанд. Дар сафи аввали  чунин нокасон  Муҳиддин Кабирӣ  меистад,  ки  имрӯз аз сӯи хоҷагонаш  истифода  шуда, ба қиммати андаки мол беҳтарин муқаддасот ба монанди Модар – Ватан, имон   ва  номусашро фурухта  мехоҳад,   аз  ҳар  як  вазъияти ба амал омада  истифода карда, ба  неъматҳои  арзишманди  давлату миллат ба монанди  Истиқлолият, Ваҳдату якдилӣ ва  тинҷиву  амонии  мардумро  халалдор  созад. Вале бо боварии калон метавон гуфт, ки тамоми кӯшишҳои  ин хоини ватанфурӯш барбоди фано  рафта, мардуми  оқилу сулҳпарвари  Тоҷикистон  бо азму иродаи созандагиву бунёдкорӣ,  ватандӯстдориву меҳанпарастӣ ва  зиракии сиёсии худ ҳеҷгоҳ намегузоранд,  ки  нохалафе  ба ин сарзамини аҷдоди бори дигар бо чашми бад нигарад.

О. Маҳмадов,

раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Вахш   

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *