Панҷшанбе, 26/03/2020-21:01
Дар базми гули рано Наврӯз муборак бод,
Дар замзамаи дарё Наврӯз муборак бод.
Хуршед гулафшони дар домани саҳро кард,
Дашту даману саҳро Наврӯз муборак бод.
Гардуни гиребончок покизаву барно шуд,
Олам ҳама шуд зебо Наврӯз муборак бод.
Оина ба дасти ёр чун нахл биорад бор,
Оинаи дил оро Наврӯз муборак бод.
Саидмухтори Саидраҳмон, омӯзгори МТМУ №39