Вируси тоҷдор чист?

Чоршанбе, 01/04/2020-12:05

Бинобар сабаби имрузҳо афзоиш ёфтани шумораи гирифтони бемории сироятии коронавирус дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии мардумии Чин ба маълумоти шаҳрвандон мерасонем, ки ин намуди вирус ва сироятёбӣ аз он барои аҳли ҷомеа хатарнок мебошад. Агар бо микроскоп ҳангоми озмоиш дар болои ин намуди вирус аҳамият дода шавад, болои он бо пардаи тоҷмонанд пушида шудааст. Аз ин ҷост, ки вируси тоҷдор ном гирифтааст. Ин ба гурӯҳи коронавирусҳое дохил мешавад, ки пеш аз ин ҳам алангаи якчанд намуди бемориҳоро ба миён овардааст. Инҳо эпидемияи шадиди вазнини роҳҳои нафас (илтиҳоби ғайритабиии шушҳо), ки соли 2003 ва бемориҳои роҳҳои нафас дар шарқи наздик соли 2012 ба фавти 35 %-и беморон расонида буд дохил мешавад. Барандагони ин вирус асосан ҳайвонот буда, ба инҳо куршапарак ва мор дохил мешаванд.

Алангаи марговари коронавирус аввалҳои моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Ухани давлати Чин ба вуқуъ омада имрӯзҳо дар 21 давлатҳои дунё  тез паҳн гаштааст.

Аломатҳои саршавии ин бемори ҳарорати баланд, сулфазани, нафастангӣ, дарди сар яъне ҳамаи он нишонаҳои бемории роҳҳои нафас ба монанди зуком мебошанд. Дар фарқият аз нишонаҳои бемории зуком ин беморон агар сари вақт ба табобат фаро гирифта нашаванд ва ба худмуолиҷа даст зананд, дар онҳо оризаҳои беморӣ хусусан дар узвҳои роҳи нафас шушҳо дида мешаванд. Дар одамоне, ки организмашон масъунияти суст дошта бошад ва ба ин беморӣ дучор гардад метавонад дар муҳлати кутоҳ ба оризаҳои вазнин ва фалачшавии организм оварда расонад.

Ташкилоти умумичаҳонии тандурустӣ пешниҳод менамояд, ки барои мубориза бурдан барои аз ин вирус усулҳои оддии пешгирии натиҷанок мавҷуд мебошанд, ки ба инҳо дохил мешаванд:

-гигиенаи шахсӣ ба монанди шустушуи дастон, бо собун ва маҳлули антисептики безараргардонидан;

– Истифодабарии ниқобҳои тиббӣ, ки барои муҳофизат кардани худ ва дигарон аз ин беморӣ мебошад;

 – Сари вақт дарёфт кардани одамони бемор ва ба табобат фаро гирифтани онҳо ба паст шудани хавфи паҳншавии сироят хос мебошад;

– Истифодабарии рӯймолчаҳои яккаратина ва ниқобҳо;

– Гушт ва тухмҳоро пеш аз истифодабарӣ ба таври хуб ҷушонидан пеш аз истеъмол;

– Аз алоқамандӣ бо ҳайвонҳои ваҳшӣ ва хонагӣ дур шудан.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Бохтар тамоми тадбирхои заруриро андешида хушбахтона то ба имрӯз ягон ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба он дар кишвар ва шаҳр ба қайд гирифта нашудааст.

Муассисаҳои табобатии дар шаҳри Бохтар фаъолиятдошта барои пешгирии бемории сироятии коронавирус тибқи нақшаи ситоди доимоамалкунандаи Вазорати тандурусти ва ҳифзи ичтимоии аҳолии Ҷуҳурии Тоҷикистон Раёсати тандурустии вилоят ва шаҳр аз ҳама имкониятҳои мавҷуда истифода намуда ҳама донишҷӯёне, ки аз таҳсил аз Ҷумҳурии Халкии Чин бар мегарданд ба муддати 14 рӯз барои назорат бурдан дар шӯъбаи бемориҳои сирояти беморхонаи клиникии вилоятӣ ба номи Б. Воҳидов бистарӣ гардонида мешаванд.

Назаров Файзали Насруллоевич

доктори илмҳои тиб

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *