НАВРӮЗ

Панҷшанбе, 26/03/2020-20:56

Суре ба ҳама замона дорад, наврӯз,

Сад дафтари шоирона дорад, наврӯз.

Кӯҳу чаману дашту биёбон ҳама гул,

Бӯе чу арӯси хона дорад, наврӯз.

Ин ҷомаи гулдӯзӣ ба сад нақшу нигор,

Гул дар кафи дасту шона дорад, наврӯз.

Пӯшида ба тан мардуми мо ранг ба ранг,

Як санъати ошиқона дорад, наврӯз.

Як суфраи шоҳаншаҳи Ҷамшед ҳанӯз,

То давраи мо фасона дорад, наврӯз.

Чун дафтари шоирони аҷдоди Аҷам,

Шеъру ғазалу тарона дорад, наврӯз.

Деҳқони Ватан ба гӯши ин хок бигуфт:

Пайғом ба кишту дона дорад, наврӯз.

Акрам, ту бигӯ мисраи ногуфтаи дил,

Дар умқи дилам тарона дорад, наврӯз.

Акрами РИЗОМ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *