БАҲОР

Панҷшанбе, 26/03/2020-20:50

Баҳор омад арӯси сол дар саҳро чаканпӯш аст,

Заминро мезанед бӯсеву гул бо ноз хомӯш аст.

Ба гӯши ошиқон ояд аз ҳарсӯ садои хуш,

Садои булбули овора бо ғамҳо ҳамоғӯш аст.

Кунун аз файзи наврӯзи ватан масту ғазалхонем,

Хирад туғёни бебокон дорад рӯди пурҷӯш аст.

Ҷавониро ба ёд орад бубин он пири доноро,

Ба сар тоқӣ ба тан пироҳани гулдӯзи гулпӯш аст.

Намои субҳи наврӯзи зи руҳафзоии шабнам,

Ба қалби ошиқон чун лола хун пошида рӯпӯш аст.

Саидмухтори Саидраҳмон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *