НАВРЎЗИ ГУЛБАСАР ХУШ ОМАДЇ

Чоршанбе, 25/03/2020-14:48

Дар маркази ноҳияи Вахш, Ҷамоати шаҳраки Вахш Наврӯзи дилафрӯзро бо тантана таҷлил гардид.

Дар ин ҳамоиш иҷрокунадаи вазифаи раиси ноҳия Қурбоналӣ Юсупов, Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Амирбеки Темур ва дигар меҳмонон ҳузур доштанд.

Меҳмонон аз намоиши дастовардҳои ахли заҳмати ноҳия, аз ҷумла, ҷамоатҳо, соҳаи маориф, тандурустӣ, иқтисодиёт, иҷтимоӣ, сохтмону коммуналӣ дидан карданд.

Сипас иҷрокунадаи вазифаи раиси ноҳия Қурбоналӣ Юсупов, Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Амирбеки Темур бо суханҳои табрикии ҳозиринро ба наврӯзи хуҷаста таҳният гуфта, саломатию барори кор орзу намуданд.

Намоиши театрикунонидашудаи ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия пешкаши меҳмонону сокинони ноҳия гардонида шуд. Дар бахшҳои намоиш лаҳзаҳои ҷолибтарини таърихи Наврӯз, фалсафалаи ва мазмуну ҳадафи маросимҳои наврӯзӣ ироа гардида, аз ҷониби меҳмонон баҳои баланд гирифт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *