ДУШАНБЕ, 17.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти омории соли 2023, дар пойтахт 17 боғи фарҳангию фароғатӣ мавҷуд буда, онҳо ба макони писандидаи сайру гашт ва истироҳати меҳмонони дохиливу хориҷӣ табдил ёфтаанд.
Давоми чанд соли охир бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин самт якчанд тадбирҳои нав рӯи кор омаданд. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе 5 боғи нав – боғҳои фарҳангию фароғатии «Алишер Навоӣ», «Куруши Кабир», «Ҷавонон», «Аҳмади Дониш» ва «Восеъ» сохта шуда, 6 боғ – боғҳои фарҳангию фароғатии «С.Айнӣ», «Кӯли Ҷавонон», «Абулқосим Фирдавсӣ», «Хайём», «Кӯдакон» ва «А.Мироненко» пурра навсозӣ гардиданд, ки дар рушди соҳаи сайёҳӣ дар пойтахт заминаи мусоид фароҳам оварданд.
АМИТ «Ховар» аз яке боғҳои пойтахт — «Алишер Навоӣ», ки рамзи дӯстии ду халқи ба ҳам монанду дӯст ва ҳамсоя — тоҷику узбек мебошад, суратгузориш манзур менамояд. Боғи мазкур 27 сентябри соли 2018 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мавриди истифода қарор гирифт.
Таҳияи Зоҳирҷони Тоирзода,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз