Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд

ДУШАНБЕ, 17.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Дар иҷлосия Созишномаи қарзӣ, Созишномаи грантии кумаки техникӣ, Созишномаи қолабӣ ва Созишномаи агентӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд вобаста ба Лоиҳаи муштараки «Дастгирии амалинамоии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони мардумӣ муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хуршедаи Қодир ва вакилони мардумӣ  Парвина Маликзод, Муҳаммад Шодиён, Комрон Исмоилиён,  Гулбаҳор Ашурзода муаррифӣ намуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *