Month: April 2024
ДАР ҲОШИЯИ МУЛОҚОТИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ МӮҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НАМОЯНДАГОНУ ФАЪОЛОНИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИН
Панҷшанбе, 18/04/2024-15:27 9 марти соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат бо намояндагони фаъолони ҷомеа ва ходимони дин мулоқот намуда, оид ба Қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, хурофотпарастӣ, пайрави ба равияҳо бегона, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро,…
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро истиқбол гирифтанд
ДУШАНБЕ, 18.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 18 апрел Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро бо нишони эҳтирому самимияти олӣ ва ҳусни ҳамсоягиву бародарӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифтанд. Ба хотири пазироии сазовори меҳмони олимақом — Сарвари давлати дӯсту ҳамсояи Узбекистон…
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
ДУШАНБЕ, 18.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев имрӯз дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар пояи муҷассамаи асосгузори давлатии тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар». Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд. Дар доираи ин…
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
ДУШАНБЕ, 17.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад. Дар иҷлосия Созишномаи қарзӣ, Созишномаи грантии кумаки техникӣ, Созишномаи қолабӣ ва Созишномаи агентӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд вобаста ба Лоиҳаи муштараки…
БОҒИ «АЛИШЕР НАВОӢ»-РАМЗИ ДӮСТИИ АБАДИИ ТОҶИКУ УЗБЕК. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин макони писандидаи меҳмонони дохилию хориҷӣ таҳия гардидааст
ДУШАНБЕ, 17.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти омории соли 2023, дар пойтахт 17 боғи фарҳангию фароғатӣ мавҷуд буда, онҳо ба макони писандидаи сайру гашт ва истироҳати меҳмонони дохиливу хориҷӣ табдил ёфтаанд. Давоми чанд соли охир бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин самт якчанд тадбирҳои нав рӯи кор омаданд. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе 5 боғи нав – боғҳои…