ВАХШ КАЙ НОҲИЯ ШУД?

Душанбе, 01/05/2023-13:15

Ташкили ноҳияҳои водии Вахш ба сохтмони системаи ирригатсионии ин минтақа вобастагӣ дорад. Таъсиси ҳудудҳои нави маъмурӣ чӣ дар давраи  азхудкунӣ ва чӣ пас аз анҷоми   он идома дошт. Вахш низ аз ҷумлаи чунин ноҳияҳо маҳуб меёбад. Бо истифода аз асноди расмии давлатӣ доир ба ташкили ноҳияи Вахш маълумоти боэътимод пешниҳод мешавад.

Қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии Советҳои РСС   Тоҷикистон аз 5 июни соли 1933 “Дар бораи муайян намудани ҳудуди райони Вахш” қабул мегардад. Мувофиқи ин қарор дар ҳудуди райони  Вахш  4 ҷамоат ташкил меёбад.   

  1. Совети ҷамоати “Тошработ” дар ҳайати 11 колхоз. Марказаш қишлоқи “Хоҷа” (Гуртеппа)
  2. Совети ҷамоати нав дар ҳайати 7 колхоз бо теъдоди 236 хоҷагӣ ва 710 хоҷагӣ. Ин ҷамоат “Туғалан” номида мешавад ва марказаш қишлоқи ”Туғалан» бо 56 нафар бошанда.
  3. Совети ҷамоати “Дарвозабулоқ” дар ҳайати 8 колхоз бо 714 хоҷагӣ. Марказаш қишлоқи Дарвозабулоқ бо 74 нафар истифодабарандагони об.
  4. Совети ҷамоати “Қарабурак” дар ҳайати 26 колхоз бо теъдоди 329 хоҷагӣ ва марказаш “Қарабурақ (аз номи қабилаи муҳоҷирон), ки 75 нафар истифодабарандагони об дорад, муайян шавад.
  5. Посёлкаи Панҷи Поён бо советҳои посёлкавии тобеи он.

6.Маркази район дар посёлкаи коргарии “Вахшстрой”рақами 3 ва МТС-и Вахш муқаррар шуда. Ба он номи “Вахш”дода шавад. (Аз Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ф.11ОП  РАҚАМИ 3).

Ҳудуди ноҳияи Вахш аз як қисми совети ҷамоати “Тошработ”-и райони Қўрғонтеппа (қисми шимолу ғарбии канали Вахш-ҳудуди ҳозираи ҷамоати шаҳраки ба номи Киров) оғоз шуда, совхози қароқулпарварии Якодин (ҳозира хоҷагии “Машъал”), совхози” Қумсангир, қишлоқҳои навбунёди атрофи каналҳои Ҷиликўл ва Қумсангир, то бандари Панҷи Поёнро дарбар мегирифт.

Дар қарори мазкур зикр шудааст, ки район аз ҳисоби заминҳои дар натиҷаи обёрии системаи ирригатсионии Вахш азхуд ва васеъ гардидаанд,  таъсис меёбад ва аз ин  сабаб ҳудуди он табиӣ мебошад. Аз ин рў, ҳангоми муайян кардани ҳудуди маъмурии райони Вахш харитаи сохтмони системаи ирригатсионии Вахш ба асос гирифта шавад.

Район 2 МТС-ба номи Исмоилов ва Вахш, инчунин колхозҳои ба номи Сталин, Брайдо, Ҳусейнов, Майоров, ”Камбағал”, ”Янги турмуш” ва ғайра доштааст. Давоми солҳои 1933-1934  Исмоилов котиби комитети партиявии район, Куликов ва Бердибоев раисони комиҷроияи райони  Вахш буданд.

Ҳамин тариқ, райони Вахш зиёда аз як сол фаъолият карда, ном ва маркази маъмурии он тағйир дода мешавад. Қарори Президиуми Кумитаи Иҷроияи Марказии Советҳои РСС Тоҷикистон аз 16 декабри соли 1934 “Дар бораи тағйир додани номи райони Вахш ба райони Кагановичобод”қабул мешавад.

Дар он муқаррар гардидааст:

  1. Бо назардошти қонеъ гардондани дархости колхозчиён, ташкилотҳои партиявӣ ва ҷамъиятии райони Вахш, ки дар заминҳои нав тавассути канали ба номи Сталин обёришаванда ташкил ёфтааст, номи райони Вахш ба Кагановичобод ва маркази райони Вахш –Туғалан ба Кагановичобод иваз карда шавад.
  2. Аз Комитети Иҷроияи Марказии СССР хоҳиш карда шавад, ки қарори мазкурро тасдиқ намояд. (Бойгонии марказии давлатии Тоҷикистон. Ф.11 ОП рақами 3).

Тавре аз ҳуҷҷатҳои расмӣ маълум мегардад, бошандагони райони Вахш асосан муҳоҷироне  буданд, ки аз ҳисоби онҳо солҳои 1932-1933 дар ҳудуди районҳои Қўрғонтеппа ва Ҷиликўл колхозҳои нав ташкил мешуданд.

Бо ташкил шудани райони Кагановичобод посёлкаи коргарии ”Вахшстрой”, совхози қароқулпарварӣ (ҳозира хоҷагии  “Машъал”), массиви Оқғоза ба ҳудуди ин район дода мешаванд. Ба посёлкаи коргарии “Вахшстрой” ҳангоми тобеи райони Кагановичобод будан бо қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии Советҳои РСС Тоҷикистон аз 3 марти соли 1935 мақоми воҳиди маъмурӣ-совети посёлкавии “Вахшстрой” дода мешавад.

То соли 1936  ин ҳудуди собиқ райони Вахш дар тобеияти райони Кагановичобод (моҳи июли соли 1957 ба номи Колхозобод ва баъдан ба номи Ҷалолиддини Балхӣ иваз карда мешавад) қарор дошт.

Қарори Президиуми Кумитаи Иҷроияи Марказии Советҳои РСС Тоҷикистон аз 19 январи соли 1936 “Дар бораи  ташкили районҳои нав” қабул  мешавад. Мувофиқи ин қарор дар ҳайати райони Қўрғонтеппа- райони Октябр (якҷо бо МТС-и Октябр) бо дарбаргирии  совети ҷамоатҳои зерин ташкил дода мешавад:

  1. Совети ҷамоати “Болғабосган”, марказаш қишлоқи Болғабосган бо шумораи 752 хоҷагӣ.
  2. Совети ҷамоати “Қарача”, марказаш қишлоқи Қарачаи дуюм (колхози “Пролетар”), ҷамоати нави аз совети ҷамоати Болғабосган ҷудошуда, бо шумораи 312 хоҷағӣ.
  3. Совети ҷамоати “Чичкин”, марказаш қишлоқи Чичка иборат аз 9 қишлоқ бо шумораи 806 хоҷагӣ ва совхози ба номи Раҳимбоев дорои 1200 гектар замини корам.
  4. Совети посёлкавии “Вахшстрой” аз ҳайати райони Кагановичобод гирифта, ба райони Октябр дода шавад.
  5. Маркази райони Октябр қишлоқи “Чичка” муқаррар ва номи он ба қишлоқи “Октябр” ва совети ҷамоати Чичкин ба совети ҷамоати Октябр  иваз карда шавад. (Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ф.11.ОП рақами 12).

Баъдан ба қарори Президиуми Кумитаи Иҷроияи Марказии Советҳои РСС Тоҷикистон аз 19 январи соли 1936 бо таври зайл тағйирот илова мешавад:

  1. Колхозҳои совети ҷамоати Болғабосган, ки дар қисмати рости роҳи мошингарди Қўрғонтеппа-Ҷиликўл воқеанд, бо ҳиссаи заминҳояшон ба тобеияти райони Қўрғонтеппа дода шаванд.
  2. Ҳудуди совети ҷамоати Тошработ аз райони Кагановичобод гирифта, ба райони Октябр ҳамроҳ карда шавад.

Ба райони Октябр тамоми массиви Оқғоза ҳамроҳ карда шавад.

 Дар ҳайати райони навтаъсиси Октябр 4 совети ҷамоат-Илти, Октябр, Болғабосган (ба совети ҷамоати Болғабосган ҳудуди ҳозираи Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод, қишлоқҳои Байнал, ба номи Куйбишев, Комсомол, Ленини собиқ колхози ”Коммунизм”-и ноҳияи Кўшониён дохил буд ва бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 1955 он ба номи совети қишлоқи Тоҷикобод иваз карда мешавад), Туқайсарӣ (соли 1949 ба номи Жданов иваз ва соли 1960 бо совети қишлоқи Тоҷикобод ҳамроҳ карда мешавад) ва совети посёлкавии “Вахшстрой” фаъолият доштанд.

Охири солҳои 50 ум  як навъ ҳаракати хамроҳ кардани ҳудуди шаҳру районҳо  оғоз мешавад. Бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 1959 райони Октябр ба ҳайати райони Қўрғонтеппа ҳамроҳ карда мешавад. Аз ҳад зиёд васеъ кардани ҳудуди маъмурии шаҳру ноҳияҳо дар идораи он, ҳаллу фасли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар намуди хизматрасонӣ мушкилот пеш меовард. Зарурат пеш омад, ки ин усули корбарӣ таҷдиди назар шавад.

Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 6 январи соли 1965 “Дар бораи дохил намудани   баъзе тағйирот ба тақсимоти маъмурӣ, территориявии РСС Тоҷикистон” қабул  шуд, ки мутобиқи он районҳои нави қишлоқӣ ташкил дода мешаванд. Дар банди 8 Укази мазкур омадааст, ки ба райони Кўрғонтеппа номи  райони Вахш дода шавад. Акнун зарурат пеш меояд, ки  аз ҳайати райони Вахш  райони Кўрғонтеппа ҷудо  ва ҳудуди маъмурии он муайян карда шавад. Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 7 январи соли 1966 “Дар бораи ташкил кардани райони Қўрғонтеппа ва ба ҷои дигар кўчондани маркази маъмурии райони Вахш” қабул мешавад.

Аз ҷумла дар Указ  омадааст:                       

“Райони Қўрғонтеппа, марказаш дар шаҳри Қўрғонтеппа  ташкил карда шавад, ба ҳайати он Советҳои қишлоқии Авангард, Заргар, Калинин ва Совети посёлкавии ба номи Куйбишев аз райони Вахш  бароварда дохил карда шавад.

Маркази маъмурии райони Вахш аз шаҳри Қўрғонтеппа ба посёлкаи типи шаҳрии  Вахшстрой  кўчонда, он посёлкаи Вахш номида шавад.”

               

Ҳамин тариқ, сохторҳои ҳизбӣ ва давлатии  райони Вахш дар   шаҳри Қўрғонтеппа ташкил ёфта, шурўъ ба фаъолият  намуданд.

Барои маълумоти бештар пайдо кардан  зикр карданием, ки ба райони Вахш худуди ҳозираи он, совхозҳои “Гулистон”, ба номи Неъмат Қарабоев, шаҳраки Октябр (маркази маъмурии ҳозираи ноҳияи Кўшониён) ва колхози “Коммунизм” (ҳудуди ҳозираи Ҷамоатҳои деҳоти Меҳнатобод,”Навбаҳор”-и ноҳияи Кўшониён) дохил буд.

Ба муносибати ташкил додани ноҳияҳои нав масъалаи ҷудо кардани баъзе қисмҳои ҳудудию маъмурии ноҳияи Вахш пеш меояд. Дар бораи ташкил додани ноҳияи Ҷиликўл Укази Президиуми Совети Олии РСС Точикистон аз 6 декабри соли 1979 қабул мешавад. Мувофиқи Укази мазкур аз ноҳияи Вахш посёлкаи типии шаҳрии Орзу ва қишлоқҳои тобеи совети посёлкаи Гулистон ба ноҳияи Колхозобод гузаронда мешавад.Бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 17 октябри соли 1980 райони Коммунистӣ (Бохтар, Кўшониён) таъсис меёбад. Бо ин Указ  совети қишлоқи Меҳнатобод ва посёлкаи типии шаҳрии Октябр ба райони навтаъсиси Коммунистӣ ҳамроҳ мегардад.

Чунин буд сайри таърихии ташкил  кардани ноҳияи Вахш. Дар ҳуҷҷатҳои расмӣ ташкили ноҳияи  Вахш Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 6 январи соли 1965 ба асос гирифта шудааст, ки чандон саҳеҳ намебошад. Тавре аз асноди расмии давлатӣ маълум гардид, ноҳия  қариб 90 сол қабл  маҳз бо номи Вахш ташкил ёфтааст. Қабули  Қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии Советҳои РСС Тоҷикистон аз 5 июни соли 1933 ”Дар бораи муайян  намудани ҳудуди райони Вахш” қабул мешавад. Аз ин рӯ, ба мақсад мувофиқ мебуд, ҷиҳати таъсиси ноҳияи Вахш ин сана -5 июни соли 1933 ба асос гирифта шавад. Ҳамин тариқ, Вахш аз аввалин ва калонтарин ноҳияи ҷумҳурӣ ба шумор меравад ва  соли 2023 ба ташкили он 90 сол пур мешавад. Месазад, ки он сазовор таҷлил гардад.

Аъзам Мўсоев,

Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *