30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муборак!

Панҷшанбе,23/02/2023-08:45

Суханронии раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов бахшида ба 30-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон

Ҳозирини  гиромӣ!

Бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сулҳу суботи комил дар кишвар таъмин аст, имрӯз    30-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар саросари Тоҷикистони азизамон таҷлил шуда истодааст.

Дар ин вазъияти тантанавӣ ҳамаи Шумо дӯстони азиз ва дар шахси Шумо тамоми хизматчиёни ҳарбӣ мардуми сарбаланди ноҳия, вилоят ва мамлакатро ба муносибати 30-солагии  Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон самимона табрику таҳният мегӯям.

Ба Шумо тани сиҳату саодатмандӣ орзу орзӯ менамоям.

Бо гузашти 30 – сол ва талошҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар дигаргуниҳои  азим  ба вуҷуд омадааст.

Аз ҷумла, Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ҷузъу томҳои он устувор гардида, ба нерӯи пурқудрати кишвар табдил ёфтааст.

Бояд қайд кард, ки барои давлат, бе доштани Артиши миллӣ ҳифз намудани арзишҳои миллӣ мушкил аст.

Ҳамин буд, ки маҳз Сарвари давлат дар марҳилаи тақдирсози солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ барои таъсиси Артиши миллӣ шуруъ кард.

Бо вуҷуди мушкилиҳо ва авҷгирии низоъҳои дохилӣ Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи кишварро пеш гузошт.

Бояд қайд кард, ки ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ қарзи фарзандӣ ва вазифаи хизматии худро бо садоқат ба халқу Ватан иҷро кард.

Бо ифтихор мехоҳам қайд намоям, ки ҷавонони бору номуси тоҷик дар ҳама давру замон барои ҳифзи марзу буми кишвар ҷонфидоӣ кардаанд.

Дар замоне, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ қарор дошт, ҷавонони точик дар қатори дигар ҷумҳуриҳои бародар дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриҳои Шуравии Содсиалистӣ адои хизмат мекарданд.

Аз ҷумла, ба рои ҳифзи марзу буми Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Афѓонистон ҷонбозиҳо карда, манфиатҳои давлатиро ҳимоя мекарданд, ки то имрӯз Давлат ва Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Вахш то имрӯз хизматҳои ҷанговарони башардустро қадр мекунанд.   

Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, ки дар вазъияти ногуворӣ сиёсӣ таъсис ёфта буд,

*дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ,

*ба эътидол овардани  вазъият,

*безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва дигар  унсурҳои  ҷинояткор, яъне таъмин намудани волоияти қонун ва сулҳу субот дар кишвар саҳми воқеан таърихӣ гузошт.

Тавре, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва мардуми  сипосгузори  тоҷик хотираи неки он ҷавонмардонеро, ки барои дифоъи Ватан ҷоннисорӣ кардаанд, ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хизматҳои таърихии фарзандони далеру шуҷои худро пос медоранд.

Сарвари давлат маҳз аз ҳамон вақт барои мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд  бардоштани  сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳдошти шароити  хизмативу маишӣ, заминаҳои моддию техникӣ ва баҳри боз ҳам хубтару беҳтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуданд.

Пушида нест, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таъсис ва бунёди Қувваҳои  мусаллаҳ, ҷузъу томҳои тобеи он дар пойгоҳҳои корхонаву идораҳои давлатӣ ва дигар муассисаҳои гуногуни  иҷтимоӣ ба роҳ монда шуда буданд.

Дар давоми 30 – соли рушду нумӯи Артиши миллӣ, маҳз бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гарнизонҳои ҳарбии минтақаҳои кишварамон

*  садҳо биноҳои маъмурию ситоди қисмҳои ҳарбӣ,

*  комиссариатҳои ҳарбӣ,

* хобгоҳҳои афсарону аскарон,

* синфхонаҳои таълимӣ,

* иншооти ёрирасони коммуналӣ,

* истгоҳҳои доимӣ барои нигоҳдории техникаи ҳарбӣ ва дигар иншооти зарурии низомӣ дар муддати кӯтоҳ бо сифати баланд ба истифода дода шуданд.

Гарчанде, ки дар тули таърих 30 сол на он қадар муддати тулонӣ ба шумор равад ҳам, аммо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба мактаби тарбияи ватандӯстӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонида истодааст.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ Донишкадаи ҳарбӣ ва литсейи ҳарбии назди Вазорати мудофиа фаъолият доранд, ки барои тамоми намуди ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони варзидаро  омода  менамоянд.

Вобаста ба ҳамаи ин пешравиҳо дар  марҳилаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ, фазои орому осудаи Ватан ва таъмини амнияти давлат аз сатҳи масъулиятшиносии  ҳар як сарбози қаторӣ то афсари олирутба  вобаста мебошад.

Вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва давлати ба мо ҳамсояи Афѓонистон ҳар яки моро водор месозад, ки дар  атрофии Роҳбари хирадманду дурандеши худ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам зичтару  муттаҳид  гашта, сулҳу ваҳтати  миллиамонро, ки қимматтарин неъмати дунёӣ ба шумор меравад  ҳамчун гаҳвараки  чашм  нигоҳ  дорем.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки  афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар  ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан-модар ва халқу давлати хеш минбаъд низ бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд.

Моро зарур аст, ки ҷавононро аз синни хурдсоливу наврасӣ дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, марзу буми Ватани азиз тарбия намоем.

Дар тарбияи ҳарбӣ -ватандустии  ҷавонон ба мо зарур аст, ки таҷрибаи бойи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанговарони башардӯст ва собиқадорони ниҳодҳои қудратиро ба таври васеъ  истифода барем.

Зеро ҳаёти  бобарори онҳо чун саҳифаҳои пур аз шуҷоату корнамоиҳо боиси пайравӣ ва  омӯзиш буда, дар тарбияи ватандустӣ ва маънавии ҷавонон мусоидат менамояд.

Бо ифтихори баланд метавон гуфт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузашти муддати сипаригардида аз лиҳози моддию – техникӣ  нерӯманд гардида, бо ҳайати шахсии худ аз ҳисоби ҷавонони далеру матинирода  омода аст дар ҳама вақту соат кишвари азизамонро ҳифз намояд. 

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шуморо ба ифтихори 30-юмин солгарди   таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, дар симои Шумо ба тамоми хизматчиёни низомии мамлакат сиҳатмандиву хушбахтӣ, азму иродаи қавӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани аҷдодӣ  барори  кор орзу менамоям.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *