Сешанбе, 14/02/2023-18:00
Дар идомаи сафари корӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон аз кохонаи истеҳсолии маҳсулоти ширӣ “Нуфузи Вахш”- и ноҳияи Вахш дидан намуда бо роҳбарият ва кормандони ин коргоҳ суҳбат намуданд. Аз тарафи соҳибкор Саидов Аҳлиддин ба маблағи 3 миллион сомонӣ сохта шуда, барои 18 нафар ҷойи корӣ ташкил карда шудааст.
Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии ҶДММ “Нуфузи Вахш” бо мақсади таъмини ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистн дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар аз тарафи соҳибкор Саидов Аҳлиддин таъсис ёфтааст.
Масоҳати умумии коргоҳ 0,36 гектарро ташкил дода, барои истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, аз ҷумла қаймоқ, сметан, ҷурғот, кефир, йогурт, творог, панир, чакка ва дуғоб муҳайё карда шудааст.
Корхонаи мазкур дорои иншооти маҳсулоти ширӣ таёркунанда буда, озмоишгоҳ, амборҳо, иншооти ёрирасони соҳа ва инфрасохтори барқу гармидиҳӣ, хунуккунӣ, ҳавотозакунӣ, санитарию беҳдоштӣ мебошад.
Корхона аз ду қисмат, истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва нуқтаи фурӯши маҳсулоти ширӣ иборат мебошад.
Дар маҷмӯъ дар як сол 570 тонна шир қабул карда, ба маблағи 3 миллион 967 сомонӣ маҳсулоти ширӣ истеҳсол мекунад. Коргоҳҳои корхона бо беҳтарин технологияи ҳозиразамон сохта шуда, бо инфрасохтори барқу гармидиҳӣ, хунуккунӣ, ҳавотозакунии худмухтор муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Қисмати дуюми корхона нуқтаи фурӯши маҳсулотҳои ширӣ, инчунин яхмос бо ҷойи нишасти тобистона ташкил карда шудааст.
Ҳамзамон, 2 анбор, бинои маъмурӣ, яхдонҳо, автомашинаҳои махсус барои кашонидани маҳсулоти ширӣ то нуқтаҳои фурӯш ва дигар биноҳои ёрирасон сохта шудааст.
Дар коргоҳ барои то 24 нафар коргарону мутахассисон ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.
www.khatlon.tj