Сешанбе, 14/02/2023-18:35
Дар идомаи сафари корӣ дар маҷмааи “Офтобак”-и ноҳияи Вахш мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбарони корхонаву муассисаҳо, фаъолон, соҳибкорону кишоварзон ва дигар шахсони масъул доир шуд.
Нахуст, раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов оид ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтасар суханронӣ кард. Дар идома раиси ноҳия гуфт, ки мардуми заҳматқарин ва соҳибкорони боҳиммати ноҳия барои иҷро намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Хатлон тамоми кӯшиши худро равона месозанд.
Гуфта шуд, ки дар доираи истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёди 150 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки дар ин самт айни ҳол корҳои сохтмонӣ бомаром ҷараён дорад.
Иҷрокунандаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид баромад намуда, аз дастуру супоришҳои Сарвари давлат ёдовар гардида, гуфт, ки як қатор камбудиҳои дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ҷойлошта, бояд сари вақт бартараф карда шаванд. Ҳамзамон, Давлаталӣ Саид таъкид дошт, ки дар ноҳия оид ба татбиқи Лоиҳаи рушди соҳаи иқтисодиву иҷтимоӣ дар давраи солҳои 2021-2025 корбариро дуруст ба роҳ монда, баҳри баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти ноҳия ва беҳдошти рӯзгори сокинон мусоидат намоянд.
Ҳамчунин, зикр шуд, ки дар ҳудуди ноҳия татбиқи 9 Лоиҳа ба маблағи 17 миллиону 46 ҳазор доллари амрикоӣ ба роҳ монда шуда, аз нигоҳи роҳбарияти вилоят ҳанӯз ҳам кор дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи барномаҳо дар сатҳи зарурӣ қарор надорад. Гуфта шуд, ки дар заминаи татбиқи лоиҳаҳо корхонаҳои нави саноативу истеҳсолӣ дар ноҳия бунёд ва ҷойҳои нави корӣ барои сокинон фароҳам оварда мешавад.
Дар мулоқот оид ба истеҳсоли гӯшт, шир ва тухм, ки дар ноҳия ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест, изҳори нигаронӣ карда шуд. Иҷрокунандаи раиси вилояти Хатлон оид ба таъмини ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат кишвар ба масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуд.
Дар фарҷоми мулоқот иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид оид ба сарфакорона истифода намудани неруи барқ, вусъат бахшидани корҳои бунёдӣ дар иншооти сохташаванда, таъмиру тармими роҳҳо, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, таъмин намудани соҳаҳои маорифу тандурустӣ бо мутахассисони соҳа, ташкили марказҳои сайёҳӣ, фароҳам овардани имконияту шароити мусоид барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ, тарбияи дурусти насли наврас, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ байни наврасону ҷавонон, тарбияи ҳарбӣ ватандустии ҷавонон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
www.khatlon.tj