Боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш

Сешанбе, 14/02/2023-15:08

Дар идомаи сафар, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид аз рафти корҳои сохтмонии Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш шинос шуданд.

Мувофиқи «Лоиҳаи ҳифзи саломатии модару кӯдак ва беҳтар намудани самти ёрии таъҷилии тиббӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон», дар асоси созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федоролии Олмон оиди ҳамкориҳои молиявӣ ва маблағгузории бонки олмонии рушд ва барқарорсозӣ амалӣ шуда истодааст.

Таъмири асосӣ ва азнавсозии таваллудхона, сохторҳои ёрирасон, барқароркунии коммуникатсияҳои муҳандисии берунаи беморхона, аз 21 июли соли 2020 аз тарафи ҶДММ «Манорасохтмон» идома дошта, дар рафти корҳои сохтмонӣ беш аз 40 нафар сохтмончиҳо ба кор ҷалб карда шуда, 60 фоизи корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтааст.

Маблағи умумии сохтмони лоиҳа 3 миллиону 167 ҳазору 118 евро буда, ба ҳолати имрӯза 2 миллиону 853 ҳазору 956 евро аз худ карда шудааст.

Ҳудуди беморхона 3,53 гектарро ташкил намуда, биноҳои асосӣ ва ёрирасон дар 1,61 гектар ҷойгир мебошанд.

Беморхонаи марказии ноҳия дорои шуъбаҳои ҷарроҳӣ, дил, бемориҳои даруна, таваллудӣ, кӯдакона, сироятӣ, эҳёгарӣ, ҳуҷраҳои ёрирасони таҳлилгоҳ, қабулгоҳ, ёрии таъҷилӣ, рентген, хунгузаронӣ, физиотерапӣ мебошад.

Инчунин, беморхона дорои 173 кати хоб буда, 286 нафар кормандон, аз ҷумла 26 нафар духтурон, 165 нафар кормандони миёнаи тиббӣ, 50 нафар кормандони хурди тиббӣ ва 45 нафар дигар кормандон кору фаъолият мекунанд.

Дар натиҷаи пурра анҷом ёфтани корҳои сохтмонӣ ва ба истифода додани беморхона, таҷҳизотҳои муоссири тиббӣ насб карда шуда, хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда мешавад.

www.khatlon.tj

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *