НАҚШИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

Шанбе, 04/02/2023-08:35

          Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ, ки 23.12.2022 баргузор гардид, бори дигар баланд бардоштани мақому манзалати занонро дар ҷомеа қайд карда гузаштанд.

Дар соли 2022 ба 600 нафар занон соҳиби Грантҳои мақсаднок баҳри соҳибкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодии оилаҳояшон гаштанд, ки боиси дастгирӣ мебошад. Ин иқдом фаъол будани занону бонувони моро нишон медиҳад. Имрӯзҳо 100000 занону духтарони мо дар муассисаҳои олии кишварамон таҳсил намуда, баҳри соҳибкасб гаштан ва гирифтани маълумоти олӣ кӯшиш намуда истодаанд. Занҳои ҷумҳурии мо имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳо саҳми босазои худро гузошта, дар вазифаи хизматии худ хеле фаъол мебошанд. Дар баробари фаъол будан имрӯзҳо мо аз бонувон хоҳиш дорем, ки баҳри пешгирӣ аз шомил шудани ҷавонону духтарони мо ба гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ кӯшиш ба роҳ монда, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ  ва ҳуввияти миллӣ тарбия намоянд.

     Сарвари давлат бори дигар таъкид намуданд, ки сифати кори худро дар кадом соҳае, ки набошад, баланд гардонида, фаъолияти худро беҳтар гардонем. Соҳаи маорифро яке аз самти афзалиятнок  дониста, ғамхорӣ ба илму маориф ва эҳтироми омӯзгорон масъалаи асосии  ҷомеа мебошад.  Чунки имрӯз мардуми Тоҷикистон дар куҷое, ки набошанд,  бахусус падару модарон бояд босавод бошанд. Зикр кардан зарур аст, ки баҳри рушди соҳаи маориф ва баланд гардидани сатҳу сифати дониши хонандагон мо-омӯзгорон, бояд саҳми босазо гузорем.

       Президенти маҳбубамон, инчунин қайд намуданд: “Шукр мекунем, ки Ватани соҳибистиқлол дорем. Мо бояд Ватанамонро обод созем. Дар куҷое, ки набошем, манфиати ҳар як тоҷикро ҳимоя намоем. Ҳар субҳ аз худ бипурсем, ки имрӯз ман баҳри мардум ва Ватани худ чӣ хизмат карда метавонам. Кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва мулки зебою обод ба фарзандонамон мерос гузорем.

Сафаргул Раҳимова, мушовири шуъбаи маорифи ноҳия 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *