Шанбе, 04/02/2023-08:45
Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш дар МТМУ №1 дар ҳайати намояндагони ташкилоту муассисаҳо дар мавзӯъҳои доғи рӯз, ки имрӯз фарогири ҷомеаи кишвар ва ҷаҳон гаштааст, бо волидони хонандагон маҷлиси васеъ доир намуданд.
Дар ҳузури иштирокдорон мудири бахши занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳия Т. Расулова, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, С. Валиев, сархатиби ноҳия Қ. Давлатов, муовини ҲХДТ дар ноҳия Ф. Қувватов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия С. Шарифзода, роҳбари маркази ВНМО Ҳисориева намояндаи САҲШ С. Қувватов, С. Раҳимова ва С. Алламуродов намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзӯи асосии ҷамъомадро ташкил дода, инчунин сомона фтарбияи дурусти занону духтарон, ташкили оилаи дуруст, тарбияи дурусти фарзандон, ҷудошавии оилаҳо, ҳудкушӣ, экстремизму терроризм, даъват ба хизмати ҳарбӣ, истифодаи нодурусти интернет аз ҷониби ҷавонон, дуруст намудани ҳуҷҷатҳои фарзандон, баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон, иштироки волидон дар чорабиниҳои давлативу ҷамъиятӣ, ба таълим фаро гирифтани духтарон, пешгирӣ аз бемории ВНМО, мавзуъҳои матраҳ намудаи гурӯҳи кориро ташкил медод.
Б. ОДИНАЕВ